Зиён дар ҳаҷми 286 млн: Санҷиши Палатаи ҳисоб дар “Тоҷпромбонк” ва “Амонатбонк”

Дар “Тоҷпрмбонк”, ки дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дорад, дар ҳаҷми 270 млн. ва дар Бонки давлатии амонтагузории “Амонатбонк” ба маблағи беш аз 16 млн. сомонӣ зиёни молиявӣ ошокр карда шуд, хабар дод раиси Палатаи ҳисоби кишвар Қарахон Чиллазода зимни нишасти хабарии рӯзи 31 январ. Бино ба гуфтаи ӯ, санҷишҳои аудиторӣ дар ин бонкҳо соли гузашта […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Дар “Тоҷпрмбонк”, ки дар марҳилаи барҳамдиҳӣ қарор дорад, дар ҳаҷми 270 млн. ва дар Бонки давлатии амонтагузории “Амонатбонк” ба маблағи беш аз 16 млн. сомонӣ зиёни молиявӣ ошокр карда шуд, хабар дод раиси Палатаи ҳисоби кишвар Қарахон Чиллазода зимни нишасти хабарии рӯзи 31 январ.

Бино ба гуфтаи ӯ, санҷишҳои аудиторӣ дар ин бонкҳо соли гузашта бо дастури Прокуратураи генералӣ гузаронида шудаанд.

“Дар натиҷаи тадбирҳои андешида дар “Тоҷпромбонк” 160 млн. сомонӣ барқарор шуд ва аз ҳисоби воситаҳои баргардонидашуда шумори қарздеҳони ин муассиса ба аввали соли 2019 то 329 нафар кам шуда, маблағи умумии қарзи бонк назди амонатгузорон то 59,5 млн. сомонӣ коҳиш ёфт ва ояндаи наздик ба онҳо баргардонида мешавад”, – иброз дошт Чиллазода.

Дар мавриди БДА “Амонатбонк” раиси Палата изҳор намуд, ки дар ин ҷо асосан қонуншиканиҳои дуздӣ ва азхудкунии воситаҳои давлатӣ ба маблағи умумии беш аз 16 млн. сомонӣ ошкор гардида, ба гунаи мисол, дар филиали бонк дар ноҳияи Панҷ воситаҳои аз аҳолӣ ҷамъоваришуда барои хизматгузориҳои коммуналӣ дар ҳаҷми наздики 2 млн. сомонӣ азхуд шудаанд.

Зимнан зикр шуд, ки ба “Амонатбонк” барқарор кардани 9,5 млн. сомонӣ муяссар гардида, дар мавриди маблағҳои боқимондае, ки баргардонида нашудаанд, дар ҳарду бонк роҳандозии корҳои дахлдор идома доранд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.