Пайвандони зиндониёни дар маҳбаси Хуҷанд кушташуда ба Ваколатдор шикоят накардаанд

Ягон нафар аз пайвандони зиндониёне, ки дар пайи ошӯб дар муассисаи ислоҳии №3/3-и Хуҷанд кушта шуданд, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат накардаанд. Ин нуктаро Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, имрӯз, 31 январ, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар бораи “шикоят кардан ё накардани пайвандони зиндониёни дар […]

Ҷасур Абдуллоев, Asia-Plus

Ягон нафар аз пайвандони зиндониёне, ки дар пайи ошӯб дар муассисаи ислоҳии №3/3-и Хуҷанд кушта шуданд, ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат накардаанд.

Ин нуктаро Зариф Ализода, Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсони Тоҷикистон, имрӯз, 31 январ, зимни нишасти матбуотӣ дар посух ба суоли хабарнигори “Азия-Плюс” дар бораи “шикоят кардан ё накардани пайвандони зиндониёни дар маҳбаси Хуҷанд кушташуда” иброз дошт.

“Ҳоло дар муассисаи ислоҳотии №3/3-и Хуҷанд тафтишот идома дорад ва мо наметавонем ба кори онҳо дахолат кунем. То имрӯз ягон нафар аз пайвандони маҳбусони кушташуда ба Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон муроҷиат накардааст. Аммо пас аз анҷоми тафтишот, намояндагони Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон аз ин муассисаи ислоҳотӣ боздид менамоянд ва бо шарту шароити будубоши зиндониён дар он ҷо шинос мешаванд. Мо як барномаи мониторингӣ дорем ва дар доираи он, якҷо бо намояндагони эътилофи зидди шиканҷаи созмонҳои ҷамъиятӣ аз муассисаҳои ислоҳотии ҷумҳурӣ дидан мекунем. Дар доираи татбиқи ин барнома, боздид аз муассисаи ислоҳотии №3/3-и Хуҷанд низ дар назар аст”,- гуфт Зариф Ализода.

Ёдрас мекунем, ки шаби 8 ноябр дар муассисаи ислоҳотии низомаш шадиди №3/3-и шаҳри Хуҷанд ошӯб сар зад, ки баъдан мақомот онро кӯшиши фирори маҳбусон унвон карданд. Дар натиҷаи ин ҳодиса, тибқи маълумоте, ки вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин иброз намуд, 21 нафар ошӯбгарон кушта шуданд. Ҳамчунин, ба иттилои вазири корҳои хориҷӣ ду корманди муассиса низ кушта шуда, панҷ нафар зиндонбонон ҷароҳатҳои вазнин бардоштанд.

Дар пайи ин исён, Иззатулло Шарифзода, сардори Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Тоҷикистон аз мақом барканор шуд ва ба ҷойи ӯ Мансурҷон Умаров, собиқ муовини аввали раиси КДАМ таъйин гардид.

Ҳоло тафтишот дар ин муассисаи ислоҳотӣ идома дорад ва тибқи маълумотҳои ахир, то имрӯз нисбати ҳафт кормандони муассисаи ислоҳии шаҳри Хуҷанд, барои хунукназарӣ дар иҷрои вазифаҳои хизматиашон, парвандаи ҷиноӣ боз шудааст.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио