Хадамоти зиддиинҳисорӣ доир ба хизматгузориҳои “Фароз”

Соли 2017 дар доираи фаъолияти шарикӣ байни ҳукумат ва ширкати хусусии “Фароз” дар марказҳои тиббии саросари кишвар беш аз 600 озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо)-и дорои технологияҳои пешрафтаи ташхис кушода шуданд. Имрӯз хизматгузориҳо дар ин озмоишгоҳҳо, ки маълумотнома (справка)-ҳои зарурии гуногун медиҳанд, хеле гарон аст. Ҳарчанд дар худи ширкати “Фароз” мегӯянд, арзиши маълумотномаҳои тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ […]

Asia-Plus

Соли 2017 дар доираи фаъолияти шарикӣ байни ҳукумат ва ширкати хусусии “Фароз” дар марказҳои тиббии саросари кишвар беш аз 600 озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо)-и дорои технологияҳои пешрафтаи ташхис кушода шуданд.

Имрӯз хизматгузориҳо дар ин озмоишгоҳҳо, ки маълумотнома (справка)-ҳои зарурии гуногун медиҳанд, хеле гарон аст. Ҳарчанд дар худи ширкати “Фароз” мегӯянд, арзиши маълумотномаҳои тиббӣ аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ муқаррар шудааст, ба ҳар ҳол, онҳо бо Хадамоти зиддинҳисорӣ мувофиқа нашудаанд.

Дар ин бора зимни нишасти хабарии рӯзи 30 январ муовини аввали роҳбари Хадамоти зиддинҳисорӣ Назар Одиназода изҳори назар кард.

“Раҳбарияти ширкати “Фароз” бо ин масъала ба мо муроҷиат накардааст. Қарор дар бораи нархи маълумотномаҳо аз ҷониби Вазорати тандурустӣ ҳамроҳ бо корхона (фирма)-ҳои мутааллиқ ба ширкати “Фароз қабул шудааст”, – қайд кард ӯ.

Имрӯз барои маълумотномаи намунаи 026 ва 038 пардохти 96 сомонӣ маблағ талаб мешавад, ки 48 сомониаш бояд ба хазина (касса) пардохта шуда, боқимондаро бояд тариқи нақд ба озмоишгоҳ пардохт намоӣ. Барои боз кардани дафтарчаи санитарӣ дар озмоишгоҳ – аз 32 то 38 сомонӣ ва дар дармонгоҳ – пардохти 67 сомонӣ маблағро талаб мекунанд.

Назар Одиназода зикр кард, ки “Фароз” ба рӯйхати ширкатҳои монополисти кишвар дохил нест” ва ваъда дод, ки Хадамот дар доираи қонунгузорӣ дар робита ба ин масъала санҷиши дахлдор мегузаронад.

Нархҳо ба хизматрасониҳо дар автодром мувофиқа шудааст

Дар нишасти матбуотӣ сари дигар тиҷорати ширкати “Фароз” – шабакаи автодром ва мактабҳои ронандагӣ (автошкола) низ сухан рафта, қайд шуд, ки дар фаъолияти онҳо Хадамоти зиддиинҳисорӣ қонуншиканӣ ошкор накардааст.

Ба саволи журналистон: “Чаро хизматгузориҳо дар мактабҳои ронандагӣ ин қадр гаронанд?”, Назар Одиназода посух дод, ки: “Ин ҷо нархҳо бо мо мувофиқа шуда, ҳеҷ қонуншикание ҷой надорад”.

Қобили зикр аст, ки то аввали соли 2016 бозори ин хизматгузориҳо дар Тоҷикистон гуногун буда, беш аз 300 мактаби ронандагӣ дар ин самт фаъолият доштанд.

Соли 2018 комиссияи муштараки иборат аз намояндагони чандин муассисаҳои давлатӣ дар ин мактабҳо санҷиш гузаронида, бар асоси сифати пасти таълим иҷозатномаи як қатор мактабҳоро бозхонд. Шумори каме аз чунин мактабҳо, ки дар бозор боқӣ монданд, уҳдадор шуданд, ки машғулиятҳоро дар автодромҳои ширкати “Фароз” гузаронанд.

Айни замон дар автодромҳо барои супурдани имтиҳонҳо шароити муосир муҳайё буда, мутаносибан нархҳо ба хизматгузориҳо низ боло рафтааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио