Пешниҳоди хариди “бор” ба кормандони Агентии назорати маводи нашъаовар

Сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба “харидорон”, ки нақши онҳоро кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ бозиданд, “бор”-и худ – героин ва ҳашиш пешниҳод намуд. “Дар ҷараёни чорабиниҳои фаври-ҷустуҷӯии кормандони Агентӣ дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ сокини маҳаллӣ Суҳроб Каримов боздошт ва дар доираи “хариди зери назорат” аз ӯ беш аз 12 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш ва […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Сокини ноҳияи Рӯдакӣ ба “харидорон”, ки нақши онҳоро кормандони Агентии назорати маводи нашъаовари ҷумҳурӣ бозиданд, “бор”-и худ – героин ва ҳашиш пешниҳод намуд.

“Дар ҷараёни чорабиниҳои фаври-ҷустуҷӯии кормандони Агентӣ дар қаламрави ноҳияи Рӯдакӣ сокини маҳаллӣ Суҳроб Каримов боздошт ва дар доираи “хариди зери назорат” аз ӯ беш аз 12 кило маводи мухаддири навъи ҳашиш ва 7,8 кило героин “харида шуд”, – хабар медиҳад маркази матбуоти Агентии назорати маводи нашъаовари Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, зимни тафтишотӣ пешакӣ муайян карда шудааст, ки ин маводи нашъаоварро Каримов аз шаҳрванди Афғонистон дастрас намудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки нисбати Каримов ва ҳамчунин ғоибона нисбати шаҳрванди Афғонистон парвандаи ҷиноятӣ боз шуда, тафтишот идома дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.