Маблағгузории БАТР ба харидории 40 автобус барои шаҳри Бохтар

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 30 январ Созишномаи кафолатноки моҳи сентябри соли гузашта баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) аз рӯи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бохтар” якдилона тасдиқ намуд. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор намуд, ки барои амалисозии лоиҳа БАТР 10,8 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон рӯзи 30 январ Созишномаи кафолатноки моҳи сентябри соли гузашта баимзорасидаро байни ҳукумати Тоҷикистон ва Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) аз рӯи лоиҳаи “Рушди нақлиёти ҷамъиятии шаҳри Бохтар” якдилона тасдиқ намуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала вазири молияи кишвар Файзиддин Қаҳҳорзода изҳор намуд, ки барои амалисозии лоиҳа БАТР 10,8 млн. доллар ҷудо мекунад, ки 3,2 млн. доллараш грант ва маблағи боқимонда қарзи дарозмуҳлат мебошад.

Ғайр аз ин, дар доираи амалисозии лоиҳа БАТР ба сифати кумаки техникӣ 1,6 млн. доллар маблағ ҷудо мекунад.

Агнҷоми татбиқи лоиҳа охири соли 2021 дар назар буда, дар доираи он харидории 40 автобуси муосир, таъмиру навсозии тамоми истгоҳҳои нақлиёти ҷамъятӣ дар шаҳри Бохтар ва роҳандозии низоми фурӯши билетҳо ба мусофирон пешбинӣ шудааст.

Зимнан зикр мегардад, ки дар чаҳорчӯби амалисозии лоиҳа дар маркази маъмурии вилояти Хатлон терминали нави муосири мусофиркашонӣ сохта мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бошед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.