Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои амнтарини минтақа шомил шуд

Дар рейтинги 128 кишварҳои амнтарини саросари дунё, ки аз ҷониби маҷаллаи Global Finance таҳия шудааст, соли 2019 се давлати минтақаи Осиёи Марказӣ шомил гардиданд. Қазоқистон дар зинаи 44-уми рейтинг, Тоҷикистон – 68 ва Қирғизистон дар мақоми 89-ум қарор дошта, Ӯзбекистону Туркманистон дар рӯйхат зикр нашудаанд. Дар ин феҳрист ИМА дар мақоми 65-ум, Чин – 81 […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Дар рейтинги 128 кишварҳои амнтарини саросари дунё, ки аз ҷониби маҷаллаи Global Finance таҳия шудааст, соли 2019 се давлати минтақаи Осиёи Марказӣ шомил гардиданд.

Қазоқистон дар зинаи 44-уми рейтинг, Тоҷикистон – 68 ва Қирғизистон дар мақоми 89-ум қарор дошта, Ӯзбекистону Туркманистон дар рӯйхат зикр нашудаанд.

Дар ин феҳрист ИМА дар мақоми 65-ум, Чин – 81 ва Русия зинаи 108-ум ҷойгир шудаанд.

Нишондиҳандаи амнияти кишварҳо бо назардошти имкони пайдо шудани низоъи ҳарбӣ, сатҳи хавфу хатар ба таъмини амнияти шаҳрвандон, сатҳи рушди иқтисодӣ, ҳамчунин эҳтимоли рух додани фалокатҳои табиӣ муайян карда шудааст.

Пешсафи рейтинг Исландия буда, зинаҳои дуюму сеюмро Швейтсария ва Финландия ишғол мекунанд.

Покистон, Нигерия, Салвадор, Гватемала, Яман ва Филиппин кишварҳои хатарноктарин аз лиҳози таъмини амният арзёбӣ шудаанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.