Зарурати интиқоли беморони афғон ба муассисаҳои ВМКБ

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳор медорад, ки дар муассисаҳои тандурустии наздисарҳадии ВМКБ-и Тоҷикистон ҳамасола то 30 нафар шаҳрвандони Афғонистон аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуда, ба табобат фаро гирифта мешаванд. Зимни вохӯрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода бо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Саидмаъсум Бадахш сафир кишвари ҳамсоя изҳор намуд, […]

Asia-Plus

Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон изҳор медорад, ки дар муассисаҳои тандурустии наздисарҳадии ВМКБ-и Тоҷикистон ҳамасола то 30 нафар шаҳрвандони Афғонистон аз ташхиси тиббӣ гузаронида шуда, ба табобат фаро гирифта мешаванд.

Зимни вохӯрии вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон Насим Олимзода бо сафири Афғонистон дар Тоҷикистон Саидмаъсум Бадахш сафир кишвари ҳамсоя изҳор намуд, ки соли ҷорӣ бо дарназардошти боришоти зиёд ва номусоидии обу ҳаво дар минтақаи Бадахшони Афғонистон, зарурати интиқоли беморон ба Бадахшони Тоҷикистон ба миён омадааст, хабар медиҳад дафтари матбуоти Вазорати тандурстӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Тоҷикистон.

Гуфта мешавад, дар доираи Барномаи муштараки байни ВМКБ-и Тоҷикистон ва вилояти Бадахшони Афғонистон, ки аз тарафи Хазинаи Оғо Хон дастгирӣ меёбад, мутахассисони соҳаи тиб дар деҳоти наздисарҳадӣ ба шаҳрвандони Афғонистон мунтазам хизматрасонии тиббӣ мерасонанд.

Дар анҷоми вохӯрӣ вазир барои омодагӣ ва дастгирии иштироки мутахассисони варзида дар Конгресси кардиологҳо ва терапевтони Осиёи Марказӣ ва давлатҳои иштирокчиёни ИДМ, ки 25-26 апрели соли 2019 дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст, ба вазири сиҳатии оммаи Афғонистон миннатдории худро изҳор намуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.