Соли 2018 ба Тоҷикистон ягон грамм ғизои хатарнок ворид нашудааст, – мансабдор

– Соли 2018 дар Тоҷикистон ягон грамм маҳсулоти хӯроквории пастсифат ба фурӯш гузошта нашудааст, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии рӯзи 31 январ Фарҳод Камолзода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон. Бино ба иттилои ӯ, тамоми маҳсулоти хӯроквории воридшуда дар озмоишгоҳҳои Кумита аз ташхис гузашта, маҳсулоте, ки чавобгӯи меъёрҳо набуд, баргардонида шуд. Камолзода қайд […]

Сайфиддин Қараев, Asia-Plus

– Соли 2018 дар Тоҷикистон ягон грамм маҳсулоти хӯроквории пастсифат ба фурӯш гузошта нашудааст, – изҳор дошт зимни нишасти матбуотии рӯзи 31 январ Фарҳод Камолзода, раиси Кумитаи бехатарии озуқавории назди ҳукумати Тоҷикистон.

Бино ба иттилои ӯ, тамоми маҳсулоти хӯроквории воридшуда дар озмоишгоҳҳои Кумита аз ташхис гузашта, маҳсулоте, ки чавобгӯи меъёрҳо набуд, баргардонида шуд.

Камолзода қайд кард, ки соли 2018 барои пешгирии воридоти маҳсулоти хӯроквории пастсифат ва хатарнок барои истеъмол дар озмоишгоҳҳо (лабораторияҳо)-и Кумита наздик 1 млн. ташхисҳо гузаронида шудааст.

Аз рӯи натиҷаҳои ташхис мувофиқи қоидаҳо беш аз 22 тонна маҳсулоти гӯштӣ, ҳудуди 11 тонна маҳсулоти ширӣ, беш аз 57 ҳазор дона тухм, 85 тонна маҳсулоти сабзавоту мева, 1,8 тонна намак ва 1,1 тонна равған ошкор ва нобуд карда шудааст.

“Бо сабаби бе иҷозаи Кумита тариқи гузаргоҳи марзии “Панҷи Поён” ба ҷумҳурӣ ворид кардани зиёда аз 240 тонна гӯшти парранда нисбати ширкатҳои “Азия-12” ва “Далерон” чораҷӯӣ шуда, маҳсулоти онҳо ба нафъи давлат мусодира шуд. Маҳсулоти ин ширкатҳо ба меъёрҳо ҷавобгӯ буд, лекин онҳо қоидаҳои расмиёти воридоти маҳсулотро нодида гирифта, дастрас намудани иҷозатномаи дахлдорро аз Кумита мо лозим надонистаанд”, – изҳор дошт Фарҳод Камолзода.

Тибқи маълуомти Кумитаи омори ҷумҳурӣ, соли 2016 дар Тоҷикистон 6,5 ҳазор тонна ва соли 2017 – 6,8 ҳазор тонна гӯшти парранда истеҳсол шуда, лекин соли 2018 ҳаҷми истеҳсоли ин маҳсулот босуръат кам ва нимсолаи аввал ҳамагӣ 0,9 ҳазор тонна ин навъи гӯшт истеҳсол шудааст.

Қобили зикр аст, ки қисмати зиёди гӯшти мурғ ба Тоҷикитсон аз ИМА, Бразилия, Русия ва Туркия ворид мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Раъду барқ дар кӯҳҳо. Чӣ гуна сайругашти маъмулии се хонанда аз шаҳри Турсунзода бо фоҷеа анҷомид?

"Азия-Плюс" ба хонаи қурбониёни ин фоҷеа рафт ва бо наздикони онҳо суҳбат кард.

Дар Осиёи Марказӣ лоиҳаи ҳифзи хок аз таназзул таҳия мешавад

Ин иқдом барои Тоҷикистон аҳамияти назаррас дорад.

Оҷонсии омор: Дар се моҳ 6,2 ҳазор соҳибкори хурд фаъолияти худро қатъ кардаанд

Дар айни ҳол, 11,5 ҳазор соҳибкори хурди нав ба қайд гирифта шудааст

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 83

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Ҳамаи дороиам зери обу лой монд”. Сокинони аз сел зарардидаи Кӯлоб чӣ ҳол доранд?

Мо аз маҳалҳое, ки зарар диданд, боздид ва бо сокинон суҳбат кардем.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 7 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Адҳам Холиқов ва Неъматулло Ҳикматуллозода то рӯзи ихтирои радио