Ҷаримаи Фирӯза Ҳафизова барои таҷлили ҷашни зодрӯз

Бо қарори суди ноҳияи Исомили Сомонии шаҳри Душанбе овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова, ки ба ҷашни зодрӯз чанде аз ҳамкасбонашро даъат намуда буд, ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд. Дар ин бора шоми рӯзи 3 феврал дар барномаи “Ахбор”-и шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон гузориш пахш шуд. Ӯ мутобиқи моддаи 8 қонуни ҶТ “Дар бораи танзими […]

Аваз Юлдашев, Asia-Plus

Бо қарори суди ноҳияи Исомили Сомонии шаҳри Душанбе овозхони шинохтаи эстрадаи тоҷик Фирӯза Ҳафизова, ки ба ҷашни зодрӯз чанде аз ҳамкасбонашро даъат намуда буд, ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима шуд.

Дар ин бора шоми рӯзи 3 феврал дар барномаи “Ахбор”-и шабакаи давлатии телевизиони Тоҷикистон гузориш пахш шуд.

Ӯ мутобиқи моддаи 8 қонуни ҶТ “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Тоҷикистон” айбдор дониста шудааст. Мувофиқи меъёрҳои ин қонун шаҳрвандон зодрӯзро танҳо дар доираи оилаашон бидуни даъвати дӯстону сарояндагон ҷашн гирифта метавонанд. Навори видеои ҷашни зодрӯз дар Instagram-и овозхонро суд ба сифати далел истифода кардааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.  

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.