Пешниҳоди тағйири сиёсати андозбандӣ вобаста ба қарзҳои ғайрифаъол

Сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба суботи молиявӣ Фернандо Данкоза батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъолро зарур шуморида, гаронии пардохтҳои андозӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзиро зикр намуд. Дар ин маврид ӯ 26 феврал дар Душанбе, зимни баргузории мизи мудаввари “Масъалаҳои андоз ҳангоми батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол” андешаронӣ намуд. Фернандо Данкоза аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва мутобиқ кардан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳии […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Сармутахассиси Бонки ҷаҳонӣ оид ба суботи молиявӣ Фернандо Данкоза батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъолро зарур шуморида, гаронии пардохтҳои андозӣ дар фаъолияти ташкилотҳои қарзиро зикр намуд.

Дар ин маврид ӯ 26 феврал дар Душанбе, зимни баргузории мизи мудаввари “Масъалаҳои андоз ҳангоми батанзимдарории қарзҳои ғайрифаъол” андешаронӣ намуд.

Фернандо Данкоза аз таҷрибаи ҷаҳонӣ ва мутобиқ кардан ба стандартҳои байналмилалии ҳисоботдиҳии муҳосиботӣ (МСФО) мисол оварда, зарурати таҷдиди назар кардани сиёсати андозбандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳолатҳои буҳронӣ ба инобат гирифтани имтиёзҳоро зикр намуд, – иттилоъ медиҳад хадамоти матбуоти БМТ.

Дар ҷараёни ин мизи гирд, ки роҳбарияти БМТ ва ташкилотҳои қарзӣ низ иштирок доштанд, оид ба паст кардани ҳаҷми қарзҳои ғайрифаъол пешниҳодҳои гуногун ироа гардиданд.

Ҳамзамон, оид ба роҳҳои ҳалли қарзҳои ғайрифаъол,аз ҷумла ташкил намудани фондҳо, ба фурӯш баровардани қарзҳои ғайрифаъол бо истифода аз таҷрибаи ҷаҳонӣ, тамдид ва таҷдиди онҳо, сохтори қарзҳои ғайрифаъол дар тавозун, таъсири низоми андозбандӣ ба ин равандҳо аз ҷониби коршиносон мавриди таҳлил қарор гирифт.

Қарзҳои муаммодор

Ҳаҷми умумии қарзҳои муаммодор дар бахши бонкии Тоҷикистон дар оғози соли ҷорӣ 1,9 миллиард сомонӣ (баш аз $200 млн.)-ро ташкил намуд.

“Қарзҳои муҳлаташон гузашта дар назди банкҳо ва ташкилотҳои хурди молиявӣ то ба санаи 1 январи соли 2019 1854,9 млн. сомонӣ арзёбӣ карда мешавад”,- омадааст дар ҳисоботи Агентии омори назди Президенти ҶТ.

Ҳаҷми умумии қарзҳои муҳлаташон гузашта 21% -и ҳиссаи карзии системаи бонкии кишварро ташкил медиҳад ва дар оғози сол ҳаҷми он 8,6 млрд сомонӣ гуфта мешуд.

Беш аз 31%-и (578,1 млн сомонӣ) ин қарзҳо бо пули миллӣ ва 69%-и он (1 млрд 276,8 млн сомонӣ) бо асъори хориҷӣ пешниҳод гардидааст.

Дар ҳамин ҳол, давоми як соли охир ҳаҷми қарзҳои муҳлаташон гузашта беш аз 100 млн сомонӣ кам гардидааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Афзоиши теъдоди муҳоҷирон аз Тоҷикистон дар Лаҳистон

Дар 3 моҳи соли 2026 ин кишвар ба ҳудуди 6 ҳазор шаҳрванди Тоҷикистон иҷозатномаи кор додааст.

Таваҷҷуҳи ширкатҳои бузурги сармоягузории ҷаҳон ба иқтисоди Тоҷикистон

Раиси Кумитаи сармоягузории Тоҷикистон бо намояндагони ширкатҳои "J.P. Morgan", "Loomis Sayles & Company", "Morgan Stanley Investment Management" ва "Global Evolution" ном бурд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 майи соли 2026

Аз зиндони шудани Хуршед Фозилов то рӯзи вакилони дифоъ дар Тоҷикистон.

Нисор Муҳаммад кист ва барои халқи тоҷик чӣ хидмат кардааст?

Ӯ яке аз вазирони маорифи Тоҷикистони шӯравӣ буд.

Худкушии як марди 60 – сола дар ноҳияи Ҷаббор Расулов

Ӯ “дар саҳни ҳавлӣ бо корд гарданашро буридааст”.

Дар Панҷакент бозори марказии нав ба кор оғоз кард

Он баъди сӯхтори бозори пешини "Гулистон"-и шаҳр сохта шуд.

Қарзи берунаи Тоҷикистон дар се моҳ $170 млн кам шудааст

То 1-уми апрели соли равон қарзи хориҷии Тоҷикистон 2,8 млрд долларро ташкил медиҳад.