Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Olympic Council of Asia интихоб шуд

Asia-Plus

Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) Рустами Эмомалӣ узви Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё (Olympic Council of Asia) интихоб шуд.

Бино ба итттилои ФФТ, дар пойтахти Таиланд – шаҳри Бангкок иҷлосияи Ассамблеяи генералии 38-уми Шӯрои олимпии Осиё доир гардида, дар ҷараёни он интихоби ҳайати раҳбарӣ, Кумитаи иҷроия ва намояндагони комиссияҳои домии Шӯро барои давраи солҳои 2019-2022 баргузор шуд.

Гуфта мешавад, бо қарори якдилонаи аъзои шӯро шайх Аҳмад Ал-Фаҳад Ал Сабоҳ аз Кувейт барои давраи нави чорсола президенти Шӯрои олимпии Осиё интихоб шуд.

Президенти ФФТ Рустами Эмомалӣ ба ҳайати нави Кумитаи иҷроияи Шӯрои олимпии Осиё шомил шуд. Дар давраи гузашта ӯ узви Кумитаи муносибатҳои байнулмилалии Шӯро буд.

Дар Ассамблеяи генералии Шӯрои олимпии Осиё дар Бангкок Тоҷикистонро ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии ҷумҳурӣ Ахтам Абдуллозода ва дабири кулии Кумита Муҳаммадшо Абдуллозода намояндагӣ карданд.

Қобили зикр аст, ки Шӯрои олимпии Осиё созмони байнулмилалии олимпӣ буда,айни замон 45 кумитаҳои олимпии миллии Осиё аъзои он мебошанд. Қароргоҳи Шӯрои олимпии Осиё дар Кувейт воқеъ аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...