Ҳунарманди тоҷик дар сериали туркӣ нақши модари Бурак Озчивитро мебозад

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ҳунарманд аллакай бо киностудия қарордод баста, наворбардории сериал тобистони соли равон оғоз меёбад. Ба гуфтаи Ёрова, ӯ дар Истанбул аз озмун гузашта, миёни даҳҳо нафар ҳунармандони довталаб ба иҷрои нақши маликаи форс ғолиб омадааст.

“Сериал таърихӣ буда, мавзӯи мубориза барои тахту тоҷро дар бар мегирад. Ман кайҳост, ки иҷрои нақши маликаро орзу доштам ва ба мақсад расидам. Ҳунарманди шинохтаи турк Бурак Озчивит нақши писари маро мебозад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Моҳпайкар Ёрова.

Ҳунарманд қайд кард, ки алҳол маълумотро дар бораи сюжети филм ифшо карда наметавонад. Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳангоми аз озмун гузаштан дар Истанбул ба ӯ вохӯрӣ бо Бурак муяссар нагардидааст.

“Вақте ман дархост намудам, ки бо Бурак вохӯраму акс бигирам, ба ман иҷоза надоданд. Он ҷо барои вохӯриву суҳбат ва аксбардорӣ бо ҳунармандони маъруф бояд пешакӣ худро ба қайд гузошта, маблағи муайянеро ҳам пардохт намоӣ”, – иброз дошт ӯ.

Моҳпайкар Ёрова – ҳунарманди шинохтаи тоҷик дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият дошта, дар бисёр филмҳо, аз ҷумла филмҳои русиягии “Турецкий транзит», «Золотой запас», ҳамчунин дар филми таҳияшуда аз ҷониби намояндагони Тоҷикистону Русия – «Четвёртая сторона треугольника» ва боз дар як қатор филмҳои коргардонҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Ормонҳо”, “Журналист”, “Убури сангин” ва ғайра нақш офаридааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...