Ҳунарманди тоҷик дар сериали туркӣ нақши модари Бурак Озчивитро мебозад

Ҳунарманд аллакай бо киностудия қарордод баста, наворбардории сериал тобистони соли равон оғоз меёбад. Ба гуфтаи Ёрова, ӯ дар Истанбул аз озмун гузашта, миёни даҳҳо нафар ҳунармандони довталаб ба иҷрои нақши маликаи форс ғолиб омадааст. “Сериал таърихӣ буда, мавзӯи мубориза барои тахту тоҷро дар бар мегирад. Ман кайҳост, ки иҷрои нақши маликаро орзу доштам ва ба […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Ҳунарманд аллакай бо киностудия қарордод баста, наворбардории сериал тобистони соли равон оғоз меёбад. Ба гуфтаи Ёрова, ӯ дар Истанбул аз озмун гузашта, миёни даҳҳо нафар ҳунармандони довталаб ба иҷрои нақши маликаи форс ғолиб омадааст.

“Сериал таърихӣ буда, мавзӯи мубориза барои тахту тоҷро дар бар мегирад. Ман кайҳост, ки иҷрои нақши маликаро орзу доштам ва ба мақсад расидам. Ҳунарманди шинохтаи турк Бурак Озчивит нақши писари маро мебозад”, – хабар дод ба “Азия-Плюс” Моҳпайкар Ёрова.

Ҳунарманд қайд кард, ки алҳол маълумотро дар бораи сюжети филм ифшо карда наметавонад. Ҳамчунин зикр шуд, ки ҳангоми аз озмун гузаштан дар Истанбул ба ӯ вохӯрӣ бо Бурак муяссар нагардидааст.

“Вақте ман дархост намудам, ки бо Бурак вохӯраму акс бигирам, ба ман иҷоза надоданд. Он ҷо барои вохӯриву суҳбат ва аксбардорӣ бо ҳунармандони маъруф бояд пешакӣ худро ба қайд гузошта, маблағи муайянеро ҳам пардохт намоӣ”, – иброз дошт ӯ.

Моҳпайкар Ёрова – ҳунарманди шинохтаи тоҷик дар Театри ҷавонони ба номи Маҳмудҷон Воҳидов фаъолият дошта, дар бисёр филмҳо, аз ҷумла филмҳои русиягии “Турецкий транзит», «Золотой запас», ҳамчунин дар филми таҳияшуда аз ҷониби намояндагони Тоҷикистону Русия – «Четвёртая сторона треугольника» ва боз дар як қатор филмҳои коргардонҳои Тоҷикистон, аз ҷумла “Ормонҳо”, “Журналист”, “Убури сангин” ва ғайра нақш офаридааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ