Тоҷикистонии истирдодшуда аз Туркия барои талоши пайвастан ба ДИ маҳкум шуд

Моҳи ноябри соли гузашта ӯ тариқи Маскав ва Киев ба Туркия рафта, ҳангоми кӯшиши гузаштани сарҳади Туркия бо Сурия боздошт шуд. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Ҷӯрабек Султонови 23-сола ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанаш дар шаҳри Маскав тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ғояву ҳадафҳои созмони террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Давлати исломӣ” […]

Asia-Plus

Моҳи ноябри соли гузашта ӯ тариқи Маскав ва Киев ба Туркия рафта, ҳангоми кӯшиши гузаштани сарҳади Туркия бо Сурия боздошт шуд.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Прокуратураи генералии Тоҷикистон, Ҷӯрабек Султонови 23-сола ҳангоми дар муҳоҷирати корӣ қарор доштанаш дар шаҳри Маскав тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ бо ғояву ҳадафҳои созмони террористии фаъолияташ дар Тоҷикистон манъшудаи “Давлати исломӣ” шинос шуда, тасмим мегирад, ки ба сафи ин созмон мепайвандад.

Охири моҳи ноябри соли гузашта Султонв бо роҳбаладии узви фаъоли Давлати исломӣ бо номи “Абӯзар” аз Маскав ба Киев рафта, сипас озими шаҳри Истанбул мешаванд. Аввали моҳи декабри соли 2018 ҳангоми кӯшиши убури ғайриқонунии марзи Туркия бо Сурия ӯ аз ҷониби хадамоти махсуси ин кишвар боздошт ва ба Тоҷикистон истирдод мешавад.

Зимнан зикр мегардад, ки суди шаҳри Турсунзода Ҷӯрабек Султоновро ба 12 соли зиндони низомаш шадид маҳкум намуд.

Моҳи июли соли гузашта сафири Туркия дар Душанбе Алӣ Рафъат Куксал зимни вохӯрӣ бо журналистон изҳор дошта буд, ки “ҳеҷ кадоме аз ҷинояткороне, ки аз ҷониби Тоҷикистон мавриди ҷустуҷӯ эълон шудааст, дар Туркия паноҳгоҳ намеёбад”.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.