Путин фармони қатъи иҷрои Созишномаи маҳви мушакҳоро ба имзо расонид

Президенти Русия Владимир Путин 4 март иҷрои Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвозро манъ кард, ки миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА имзо шуда буд. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи Кремл, дар фармони президенти Русия сабаби ин тасмим "нақзи созишнома аз ҷониби ИМА" гуфта шудааст. Гуфта мешавад, Вазорати умури хориҷии Русия […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Президенти Русия Владимир Путин 4 март иҷрои Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвозро манъ кард, ки миёни Иттиҳоди Шӯравӣ ва ИМА имзо шуда буд.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ бо истинод ба сомонаи Кремл, дар фармони президенти Русия сабаби ин тасмим "нақзи созишнома аз ҷониби ИМА" гуфта шудааст.

Гуфта мешавад, Вазорати умури хориҷии Русия бояд ҷониби Амрикоро аз ин қарор огоҳ кунад. Фармони президент дар бораи қатъи иҷрои созишнома аз дирӯз эътибор пайдо кард.

Қаблан дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг гуфт, ки паймони низомӣ бидуни Созишномаи маҳви мушакҳои кутоҳу дурпарвози Русия ва ИМА "ба сулҳ омода мешавад". Раҳбари паймон гуфт, Москва барои баргашт ба риояи созиш фурсати охиринро дорад. Столтенберг аз Русия даъват кард, ки ин фурсатро аз даст надиҳад. Ӯ гуфт, ки НАТО аз пайи сабқати таслиҳотӣ нест ва мушакҳои ҳастаиро дар Аврупо мустақар намекунад.

ИМА рӯзи 2 феврал ба раванди берун шудан аз қарордоди маҳдудияти таслиҳоти мушакӣ оғоз кард. Санадро соли 1987 Роналд Рейган ва Михаил Горбачев имзо карда буданд. Амрико мегӯяд, ки ворид шудани мушаки 9М729 "Новатор" ба таслиҳоти Русия шарти созишномаро нақз кард.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Шикоят аз шиканҷа, фавт дар зиндон ва савдои одамон. Намояндагони мақомоти Тоҷикистон дар нишасти Женева чӣ гуфтанд?

Давоми солҳои 2018-2025 дар Тоҷикистон 105 муроҷиат аз шиканҷа сабт шуда, 14 парвандаи ҷиноӣ боз ва нисбати 13 нафар то 21 сол ҷазои зиндон...

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.

Идомаи “шикор”-и таксиҳои “10 сомонӣ”. Мақомот беш аз 40 ронандаро ҷарима кардаанд

БДА гуфтааст, ки минбаъд низ фаъолияти таксиҳои "10 сомонӣ"-ро боздоштаву ҷарима мекунанд.

Задухӯрд дар марз бо Афғонистон. КДАМ аз кушта шудани ду “қочоқбар” ва фирори як тани дигар хабар дод

Нерӯҳои марзбонии кишвар мегӯяд, ҳоло вазъ дар сарҳад ором буда, таҳти назорат аст.