Нуриддин Саид аз ҳисоби худ мактаб ва боғча бунёд кардааст

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар зодгоҳаш – ҷамоати Сангтӯдаи ноҳияи Данғара як мактаб ва як боғчаи кӯдакона бунёд кардааст. Дар ин бора раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, зимни вохӯриаш бо фаъолони ноҳияи Шаҳритус иттилоъ дод. Қурбон Ҳакимзода илова намуд, ки Нуриддин Саид инчунин, аз ҳисоби худ, роҳи маҳаллаеро дар зодгоҳаш асфалтпӯш менамояд. […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои “Asia-Plus”

Нуриддин Саид, вазири маориф ва илми Тоҷикистон дар зодгоҳаш – ҷамоати Сангтӯдаи ноҳияи Данғара як мактаб ва як боғчаи кӯдакона бунёд кардааст. Дар ин бора раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, зимни вохӯриаш бо фаъолони ноҳияи Шаҳритус иттилоъ дод.

Қурбон Ҳакимзода илова намуд, ки Нуриддин Саид инчунин, аз ҳисоби худ, роҳи маҳаллаеро дар зодгоҳаш асфалтпӯш менамояд.

Худи Нуриддин Саид, ки дар ин ҷаласа иштирок дошт, гуфтаҳои раиси вилоятро тасдиқ карда, илова намуд, ки ҳоло роҳи маҳалли зисташ барои асфалтпӯш намудан омода карда мешавад ва аллакай, дар ду тарафи роҳ ҷуйборҳои бетонӣ гузошта шудааст. Бо гарм шудани ҳаво, асфалтпӯш карда мешавад.

Бояд гуфт, ки вазири маориф ва илми Тоҷикистон масъули назорат ва кӯмак ба мақомоти маҳҳалии ноҳияи Шаҳритус, ҷиҳати иҷрои нақшаҳо, бахшида ба 30-солагии таҷлили ҷашни истиқлолияти Тоҷикистон таъйин гардидааст.

Ёдовар мешавем, ки чанде пештар раиси нави вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода аз тамоми раисони шаҳру ноҳияҳои вилоят даъват намуд, ки дар ободонии ҷумҳурӣ саҳми бевоситаи худро гузоранд. Ӯ гуфт, ки ҳар як раис бояд аз ҳисоби худ иншооте бунёд намояд ё таъмир кунад. Пас аз ин, раисони шаҳру ноҳияҳо яке паси дигар дар хусуси чӣ бунёд кардани худ маълумот доданд. Аксари онҳо гуфтаанд, ки омодаанд аз ҳисоби худ мактаб, боғча, бунгоҳи тиббӣ, маркази хизматрасонӣ, роҳ созанд. Баъзе раисон ошкор гуфтаанд, ки омодаанд то 10 миллион сомонӣ харҷ намоянд.

Тибқи иттилои дастрасгардида, худи Қурбон Ҳакимзода дар зодгоҳаш ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд мактаби таҳсилоти умумии №50, майдончаи варзишии мактаб ва роҳравҳои онро бо кӯмаки бародаронаш таъмир намудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.