Созиши Тошканду Душанбе дар бораи ҳамкории ҳарбӣ

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи моҳи августи соли гузашта баимзорасида байни Тошканду Душанберо дар бораи ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ якдилона тасдиқ намуд. Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода изҳор дошт, ки дар доираи амалисозии ин созишнома ду кишвари ҳамсоя метавонанд истеҳсоли муштараки […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон созишномаи моҳи августи соли гузашта баимзорасида байни Тошканду Душанберо дар бораи ҳамкории ҳарбӣ-техникӣ якдилона тасдиқ намуд.

Зимни суханронӣ назди вакилон доир ба ин масъала сардори Ситоди кулли Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, муовини аввали вазири мудофиа генерал-лейтенант Эмомалӣ Собирзода изҳор дошт, ки дар доираи амалисозии ин созишнома ду кишвари ҳамсоя метавонанд истеҳсоли муштараки техника ва муҳимоти ҳарбиро ба роҳ монанд.

Ғайр аз ин, дар созишнома таъмиру таҷдиди муштараки техника ва муҳимоти ҳарбӣ, сафари дуҷонибаи ҳайатҳои низомӣ барои табодули таҷриба ва маълумот низ дар назар дошта шудааст.

Дар робита ба масъалаи аз минаҳо поккорӣ кардани сарҳади кишварҳо Собирзода қайд кард, ки ин кор аз ҷониби Ӯзбекистон иҷро мешавад.

“Кумаки моро дар ин масъала онҳо рад карданд, зеро поккории минаҳо танҳо дар қаламрави кишвари ҳамсоя гузаронида мешавад”, – гуфт генерал-лейтенант.

Дар мусоҳиба ба “Азия-Плюс” Эмомалӣ Собирзода зикр кард, ки имрӯз дар масъалаи ҳамкории вазоратҳои мудофиаи кишварҳо ҳеҷ мушкилие ҷой надорад.

“Бо ҳамтоёни ӯзбеки худ доимо дар робитаем. Ояндаи наздик машқҳои муштараки низомии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистону Ӯзбекистонро баргузор менамоем”, – илова кард Собирзода.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.