Соҳибони имсолаи ҷоизаи Лоҳутӣ мушаххас шуданд

Asia-Plus

Ховаршинос Зафар Мирзоён, нависанда Зариф Ғулом, устоди ДМТ Ҳафиз Раҳмон дар бахши матбуоти даврӣ ва Умед Ҷумъаев, журналисти телевизиони кӯдакону наврасон – “Баҳористон” дар бахши телевизион имсол сазовори ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Абулқосим Лоҳутӣ шуданд.

Ҷоизаи мазкур 11 март, дар рӯзи ҷашни Рӯзи матбуоти тоҷик, дар Театри давлатии академӣ-драммавии ба номи Лоҳутӣ ба ғолибон тақдим гардид.

Бинобар ба талабот ҷавобгӯ набудани маводи пешниҳодшуда, имсол дар бахши таҳқиқот дар соҳаи ВАО ва радио ба касе ҷоиза тақдим карда нашуд.

Ёдовар мешавем, ки ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ дар бахшҳои зерин тақдим карда мешавад:

– матбуоти даврӣ

– радио

– телевизион

– тадқиқот дар соҳаи ВАО.

Ҷоизаи Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи А.Лоҳутӣ соли 1968 таъсис дода шуда, ҳар сол ба журналистон барои беҳтарин матлабҳои журналистӣ ва таҳқиқот дар самти ВАО тақдим мегардад.

Ҳамчунин, ҷоизаи дигари Иттифоқи журналистони Тоҷикистон ба номи Воҳидҷон Асрорӣ ба рӯзноманигорони ҷавон Саидҷон Ҳалимзода ва Муллонеъмат Салимзода тақдим карда шуд. Ин ҷоиза барои журналистони ҷавон ва донишҷӯёни факултаи журналистика таъсис дода шудааст.

Бояд гуфт, ки замони Иттиҳоди Шӯравӣ Рӯзи матбуот 5 май – санаи нашри шумораи аввали газетаи “Правда” (нашрияи расмии Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ) ҷашн гирифта мешуд. Шуруъ аз соли 1994 Рӯзи матбуоти тоҷик 11 март – санаи нашри аввалин шумораи нахустин газетаи тоҷикӣ “Бухорои шариф”, таҷлил карда мешавад. Имсол 107-солагии матбуоти тоҷик таҷлил гардид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...