Ҳалокати сокини Исфара зимни муноқиша дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Дар натиҷаи муноқишаҳои рухдода, ки рӯзи 13 март дар қитъаи Исфараи сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон рух доданд, сокини маҳаллӣ, омӯзгори 43-сола аз Чоркӯҳ Ҳусейн Ҳакимов ба ҳалокат расид. Бино ба иттилои як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара, Ҳусейн Ҳакимов аз тири парронидашуда аз қаламрави ҳамсоякишвар кушта шуааст. “Дар ин муноқиша боз чор сокини дигари […]

Дар натиҷаи муноқишаҳои рухдода, ки рӯзи 13 март дар қитъаи Исфараи сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон рух доданд, сокини маҳаллӣ, омӯзгори 43-сола аз Чоркӯҳ Ҳусейн Ҳакимов ба ҳалокат расид.

Бино ба иттилои як манбаъ аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара, Ҳусейн Ҳакимов аз тири парронидашуда аз қаламрави ҳамсоякишвар кушта шуааст.

“Дар ин муноқиша боз чор сокини дигари деҳаи Хоҷаи Аълои ҷамоати Чоркӯҳи шаҳри Исфара захмӣ шуда, ба бемористони марказии шаҳр фиристода шуданд”, – гуфт манбаъ.

Боз як муноқиша чанде қабл байни сокинони деҳаи Тоҷикони ҷамоати Ворух ва деҳаи Оқ-Сойи Қрғизистон рух дода, дар ҷараёни он муноқишагарон сӯи ҳамдигар сангпартоӣ кардаанд.

Дар маҷмӯъ дар ин муноқишаҳо беш аз 20 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон осеб диданд, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз дастгоҳи раиси шаҳри Исфара.

Бино ба гуфтаи манбаъ, муноқишаҳо пас аз барқарор кардани сохтмони роҳ дар қаламрави баҳсӣ аз ҷониби ҳукуматдорони Қирғизистон оғоз шудааст. Сокинони деҳаи Тоҷикон талаб доранд, ки сохтмони роҳ то қабули қарори ниҳоӣ дар бораи таъйин ва аломатгузории сарҳад байни кишвар мавқуф гузошта шавад. Иттилоъ дода мешавад, ки се рӯз пеш корҳои сохтмони роҳи Оқ-Сой-Тамдиқ бидуни убури қаламрави Ворух шурӯъ гардидааст.

Манбаи “Азия-Плюс” дар дастгоҳи раиси шаҳри Исфара қайд кард, ки муноқишаҳо дар натиҷаи амалҳои иғвогарона аз ҷониби Қирғизистон ба вуқӯъ пайвастаанд.

“Қаблан баъди рух додани чандин муноқишаҳо дар ин қитъа ҷонибҳо ба мувофиқа расида буданд, ки дар қитъаҳои баҳсии давлатҳо ягон корҳои сохтмон роҳандозӣ намешавад, лекин Қирғизистон ин созишро нодида гирифта, дубора ба сохтмони роҳ шурӯъ намуд, ки ба муноқишаи нав боис гардид”, – зикр кард манбаъ.

Тавре ба “Азия-Плюс” субҳи имрӯз тариқи телефон раиси деҳаи Тоҷикон Ғафурҷон Ҷӯраев дар ин робита хабар дод, вазъ дар маҳалли ҳодиса шидатнок боқӣ монда, субҳи имрӯз дар ин ҷо беш аз 200 нафар шаҳрвандони Тоҷикистону Қирғизистон ҷамъ омадаанд.

“Онҳо дар мавзеи Чакак роҳ сохта, минбаъд онро то ба болооби дарёи Ворух бурданианд. Ба ин васила ҷамоати Ворухро аз ҳама самтҳо дар муҳосира монданианд”, – гуфт ӯ.

Сокинони Исфара ҳукуматдорони маҳаллиро дар сустиву камфаъолиятӣ зимни гуфтушунидҳо бо Қирғизистон оид ба масъалаи қитъаҳои баҳсӣ айбдор медонанд. Онҳо аз он дар шигифтанд, ки тирамоҳ вақте ки ба деҳаи Тоҷикон қубури об (водопровод) гузарониданӣ буданд, ҷоиниби Қирғизистон ба ин иҷоза надод, ҳарчанд хати қубур аз қаламрави Тоҷикистон мегузашт.

“Сохтмони ин қубури обро Фонди Оғо Хон дар вилояти Суғд маблағгузорӣ намуд. Моҳи сентябр сохтмони онро ба мо иҷоза надоданд. Хати қубур пурра аз қаламрави Тоҷикистон мегузарад. Ҷониби Қирғизистон барои сохтмони он ба мо имкон надода, изҳор доштанд, ки ин қитъаи баҳсӣ аст. Акнун худи онҳо дар қитъаи баҳснок ба сохтмони роҳ оғоз намуданд”, – мегӯянд сокинони деҳаи Тоҷикон.

Дар ҳамин ҳол, тавре ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Қушӯнҳои сарҳадии КДАМ Тоҷикистон Муҳаммад Улуғхоҷаев хабар дод, баъди чанд соати сар задани муноқиша сарҳадбонони ҳарду кишвар вазъро зери назорат гирифтаанд.

“То комилан маълум шудани сабабҳои аслии сар задани муноқишаҳо мо аз шарҳу тавзеҳи ҳодиса худдорӣ мекунем”, – қайд кард Улуғхоҷаев.

Намояндагони раҳбарияти вилояти Суғди Тоҷикистон ва вилояти Ботканди Қирғизистон дарҳол пас аз рух додани муноқишаҳо дар сарҳад вохӯрӣ гузаронидаанд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода шаби гузашта ба Исфара омада, имрӯз аз субҳ бо аҳолии маҳаллаҳои аҳолинишини наздимарзии Тоҷикистон вохӯриҳо мегузаронад.

Дар бораи натиҷаи ин вохӯриҳо маълумот дода намешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.