Мусиқии тоҷикро гурӯҳи “Шамс” дар Лондон муаррифӣ намуд

Гурӯҳи мусиқии “Шамс” бо даъвати сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир ба ин шаҳр омад. Давоми як ҳафта гурӯҳ чандин маротиба назди тамошобинони форсизабони шаҳри Лондон ҳунарнамоӣ карда, аз ҷониби онҳо хеле хубу самимӣ пазироӣ шуд. Дар доираи ин сафар гурӯҳи “Шамс” меҳмони барномаи 60-дақиқаинаи телевизиони форсии ВВС, ҳамчунин барномаи субҳгоҳони радиои ВВС шуд. Дар барномаи […]

Asia-Plus

Гурӯҳи мусиқии “Шамс” бо даъвати сафорати Тоҷикистон дар Британияи Кабир ба ин шаҳр омад.

Давоми як ҳафта гурӯҳ чандин маротиба назди тамошобинони форсизабони шаҳри Лондон ҳунарнамоӣ карда, аз ҷониби онҳо хеле хубу самимӣ пазироӣ шуд.

Дар доираи ин сафар гурӯҳи “Шамс” меҳмони барномаи 60-дақиқаинаи телевизиони форсии ВВС, ҳамчунин барномаи субҳгоҳони радиои ВВС шуд.

Дар барномаи радиои хабаргузорӣ, ки то ҳунарнамоӣ доир гардид, овозхони гурӯҳ Нобовар Чаноров ба ровии барнома Дориюши Раҷабиён дар бораи сабку услуби мусиқии гурӯҳ ва барномаи консертии ба Лондон овардаашон маълумот дода, таронаи “Даф бизанем”-ро дар пахши мустақим сароиданд.

Дар барномаи телевизонӣ доир ба эҷодиёту мусиқӣ, ки дар он фолклор ва тамоилҳои нав (модерн) ба ҳам печидаанд ва офаридани оҳанг бар асоси савту навои маъмулии мардуми Помир ва Осиёи Марказӣ, нигаҳдории сабку услуби он ва дигар масъалаҳо суҳбати бештар муфассал сурат гирифт. Ҳамчунин дар ин баронма гурӯҳ таронаи нави худро ба иҷро расонид.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.