Зери тарма мондани якчанд манзил дар ноҳияи Сангвор

Бар асари фаромадани тарма дар ноҳияи Сангвор (собиқ ноҳияи Тавилдара)-и водии Рашт якчанд манзили сокинони маҳаллӣ осеб дида, чанде аз саршумори чорвояшон нобуд шуд. Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, тарма шабона дар деҳаи Дараи Ҳайрон фаромадааст. Комиссияи махсус айни замон дар маҳалли ҳодиса машғули кор буда, ҳаҷми зиёни расида аз ин офати табииро муайян […]

Asia-Plus

Бар асари фаромадани тарма дар ноҳияи Сангвор (собиқ ноҳияи Тавилдара)-и водии Рашт якчанд манзили сокинони маҳаллӣ осеб дида, чанде аз саршумори чорвояшон нобуд шуд.

Бино ба маълумоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулода, тарма шабона дар деҳаи Дараи Ҳайрон фаромадааст. Комиссияи махсус айни замон дар маҳалли ҳодиса машғули кор буда, ҳаҷми зиёни расида аз ин офати табииро муайян мекунад.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода огоҳ мекунад, ки шиддати беш аз ҳадди интизори борон дар кӯҳҳо ва теппаҳо боиси фарсоиши хок ва ҳаракати он мешавад, сатҳи оби дарёву рӯдхонаҳо, ҳавзҳову обанборҳо боло меравад. Дар ин гуна ҳолатҳо маъмулан хатари резиши санг, лағзиши тарма ва омадани сел зиёд аст.

Ғайр аз ин боронҳои пайдарпай боранда метавонанд якбора сатҳи об дар рӯдхонаҳои манотиқи баланкуҳ ва тезҷараёнро боло баранд. Дар ин гуна ҳолатҳо хатари зери об мондани киштзорҳо ва вайрон шудани пулҳои осебпазир зиёд аст.

Дар иртибот ба ин Кумита аз аҳолии мамлакат хоҳиш мекунад, ки хеле эҳтиёткор бошанд ва зиракиро аз даст надиҳанд. Ҳамчунин бачаҳоро беназорат нагузошта, агар дар кӯҳ ва ё назди махзани об бошанд, ҳатман қоидаҳои бехтариро риояи намоянд!

Қобили зикр аст, ки бино ба иттилои Агентии ҳавошиносии кишвар, то охири ҳафта ҳавои номусоиду сербориш боқӣ мемонад. Дар манотиқи куҳии кишвар борон шиддат мегирад, омади сел ва болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо истисно нест. Дар роҳҳои куҳӣ лағзиши тарма низ эҳтимол дорад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.