Оғози аввалин давраи омӯзишӣ барои бонувони наҷотбахши Афғонистон ва Тоҷикистон

Дар доираи татбиқи Протоколи имзошуда оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздимарзии омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни Афғонистон ва Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2018 дар ҷараёни мулоқоти мақомти марбутаи кишварҳо имзо шуда буд, дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ аввалин давраи омӯзишӣ барои бонувони наҷотбахши Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз гардид. Бино ба иттилои дафтари матбуоти […]

Asia-Plus

Дар доираи татбиқи Протоколи имзошуда оид ба таҳкими ҳамкориҳои наздимарзии омодагиҳо ва вокуниш ба ҳолатҳои фавқулода миёни Афғонистон ва Тоҷикистон, ки моҳи феврали соли 2018 дар ҷараёни мулоқоти мақомти марбутаи кишварҳо имзо шуда буд, дар Маркази ҷумҳуриявии омӯзишӣ-методии КҲФ аввалин давраи омӯзишӣ барои бонувони наҷотбахши Афғонистон ва Тоҷикистон оғоз гардид.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти КҲФ, зарфи як ҳафтаи оянда наҷотдиҳандагони КҲФ ва наҷотдиҳандагони Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ  усулҳои роҳандозии корҳои садамавиву наҷот  бо истифода аз  як силсила таҷҳизотҳо ва воситаҳои ҳимояи шахсиро тамрин мекунанд. 

Гуфта мешавад, дарсҳо бо дастгирии Агентии Оғохон оид ба зистгоҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ мешаванд ва он аз ҷониби мутахассисони ботаҷрибаи Британияи Кабир гузаронида мешавад.  

Ба иттилои манбаъ, дарсҳои омӯзишии мазкур барои ҳамкориҳо миёни наҷотдиҳандагони ду кишвар ҳангоми гузаронидани амалиётҳои ҷустуҷӯиву наҷот дар ҳоли ба вуҷуд омадани офати табиӣ равона гардидааст.

Зимнан зикр мегардад, ки ин шакли дарс имкон медиҳад, ки мутахассисон аз таҷрибаҳои якдигар низ омӯзанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.