Дар ИМА имконоти кишварҳои ОМ дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ баррасӣ шуд

Asia-Plus

Бо ибтикори Шӯрои тиҷоратии ИМА – Тоҷикистон ширкати “Baker McKenzie” дар мавзӯи тиҷорат дар Осиёи Марказӣ чорабинии махсус барпо намуд.

Дар чорабинии мазкур, сафирони кишварҳои Осиёи Миёна (ОМ), Афғонистон, намояндагони воломақоми ҳукумати ИМА, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ ширкат варзиданд, хабар доданд аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар ИМА.

Гуфта мешавад, дар чорабинӣ сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим иштирок ва суханронӣ намуд. Иштирокчиён имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории кишварҳои хешро муаррифӣ намуда, оид ба тадбирҳои ҳукуматҳои хеш дар минтақа дар самти тиҷорат ва сармоягузорӣ маълумот доданд.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон зимни баромади хеш ташаббусу иқдомҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди имкониятҳои тиҷоратии кишвар, ислоҳоти иқтисодӣ ва эҷоди фазои муносиби сармоягузорӣ дар кишвар таъкид намуд.

Ёдрас мешавад, ки бо мақсади мусоидат ба ҷалби бештари сармоя ва ширкатҳои америкоӣ ба иқтисодиёти кишвар ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар, дар соли 2016 Шӯрои тиҷоратии ИМА – Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...