Дар ИМА имконоти кишварҳои ОМ дар соҳаҳои тиҷорату сармоягузорӣ баррасӣ шуд

Бо ибтикори Шӯрои тиҷоратии ИМА – Тоҷикистон ширкати “Baker McKenzie” дар мавзӯи тиҷорат дар Осиёи Марказӣ чорабинии махсус барпо намуд. Дар чорабинии мазкур, сафирони кишварҳои Осиёи Миёна (ОМ), Афғонистон, намояндагони воломақоми ҳукумати ИМА, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ ширкат варзиданд, хабар доданд аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар ИМА. Гуфта мешавад, дар чорабинӣ сафири Тоҷикистон дар ИМА […]

Asia-Plus

Бо ибтикори Шӯрои тиҷоратии ИМА – Тоҷикистон ширкати “Baker McKenzie” дар мавзӯи тиҷорат дар Осиёи Марказӣ чорабинии махсус барпо намуд.

Дар чорабинии мазкур, сафирони кишварҳои Осиёи Миёна (ОМ), Афғонистон, намояндагони воломақоми ҳукумати ИМА, намояндагони доираҳои тиҷоратӣ ва илмӣ-тадқиқотӣ ширкат варзиданд, хабар доданд аз сафоратхонаи Тоҷикистон дар ИМА.

Гуфта мешавад, дар чорабинӣ сафири Тоҷикистон дар ИМА Фарҳод Салим иштирок ва суханронӣ намуд. Иштирокчиён имкониятҳои тиҷоратӣ ва сармоягузории кишварҳои хешро муаррифӣ намуда, оид ба тадбирҳои ҳукуматҳои хеш дар минтақа дар самти тиҷорат ва сармоягузорӣ маълумот доданд.

Гуфта мешавад, сафири Тоҷикистон зимни баромади хеш ташаббусу иқдомҳои Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар рушди имкониятҳои тиҷоратии кишвар, ислоҳоти иқтисодӣ ва эҷоди фазои муносиби сармоягузорӣ дар кишвар таъкид намуд.

Ёдрас мешавад, ки бо мақсади мусоидат ба ҷалби бештари сармоя ва ширкатҳои америкоӣ ба иқтисодиёти кишвар ва рушди муносибатҳои тиҷоратӣ миёни ду кишвар, дар соли 2016 Шӯрои тиҷоратии ИМА – Тоҷикистон таъсис дода шудааст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Моҳи апрел дар Тоҷикистон маҳсулоти хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ гарон шуд

Коршиносони Барномаи озуқавории СММ зикр мекунанд, ки даромади хонаводаҳо аз хароҷот камтар аст.

Саҳми Тоҷикистон дар ҶБВ дар рақамҳо

Имрӯз дар Тоҷикистон Рӯзи ғалаба аст.

“Telecom Awards Tajikistan – 2025”. Кадом ширкатҳои мобилӣ ва интернетрасон беҳтарин дониста шуданд?

“Азия-Плюс” беҳтарин шарики расонаӣ дар бахши алоқа ва ислоҳоти рақамӣ дониста шуд.

Иштироки варзишгарони маъюбиятдоштаи Тоҷикистон дар ҷамъомади баскетболбозони аробанишин дар шаҳри Анталия

Чорабинӣ марҳилаи сеюми барномаи тадриҷии ТИКА оид ба рушди баскетболи аробасавор дар Тоҷикистон мебошад.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 84

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Қосими Бекмуҳаммад: “Азия-Плюс” фурсати онро дорад, ки дар ҷойгоҳи як расонаи миллӣ қарор гирад

Ин таҳлилгари тоҷик аз бурду бохти ин расона гуфт ва пешниҳодҳои худро низ изҳор дошт.

Дар Тоҷикистон озмуни “Табиби сол” баргузор мешавад

Озмун моҳи сентябр натиҷагирӣ карда мешавад ва мукофоти он 15 ҳазор сомонӣ аст.