Иштироки 5 дзюдочии тоҷик дар мусобиқаи Гран-прии Анталия

Аз 5 то 7 апрели соли равон мусобиқаи Гран-прии Анталияи Туркия доир мегардад, ки дар он 5 дздочии тоҷик ширкат меварзанд. Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи милии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ҷумҳурии моро дар Гран Прии Анталия зери роҳбарии ӯ 5 варзишгар – Ёқубҷон […]

Аз 5 то 7 апрели соли равон мусобиқаи Гран-прии Анталияи Туркия доир мегардад, ки дар он 5 дздочии тоҷик ширкат меварзанд.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти Кумитаи милии олимпии ҷумҳурӣ бо истинод ба сармураббии дастаи мунтахаби Тоҷикистон оид ба дзюдо Муҳаммадмурод Абдураҳмонов, ҷумҳурии моро дар Гран Прии Анталия зери роҳбарии ӯ 5 варзишгар – Ёқубҷон Боқиев, Хайёмиддин Ҷабборов (ҳар ду дар вазни -66кг), Акмал Муродов (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг) ва Саидҷалол Саидов (-100кг) намояндагӣ мекунанд.

Гуфта мешавад, тибқи иттилои Федератсияи байналмилалии дзюдо, дар мусобиқа иштироки 537 варзишгар (330 мард, 207 зан) аз 78 кишвари дунё дар назар аст.

Зимнан зикр мегардад, ки ғолибону ҷоизадорони мусобиқа дар баробари медал бо ҷоизапулӣ қадрдонӣ гардида, ҳамчунин соҳиби холҳои олимпӣ мешаванд. Барои ҷои аввал 3000 доллари ИМА, барои ҷои 2-юм 2000 доллар ва барои ду ҷои сеюм 1000-долларӣ пешбинӣ шудааст.

Ёдрас мешавад, ки дар Гран Прии Анталия соли 2018 Комроншоҳ Устопириён дар вазни -90кг ғолиб, соли 2017 сазовори медали нуқра гардида буд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.