Дар Тоҷикистон кадбонуи беҳтаринро муайян мекунанд

Бо фармоиши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар озмуни умумиҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарини Тоҷикистон” баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ. Ғолибони озмун дар минтақаҳо ба иштирок дар давраи ниҳоӣ, ки дар “Боғи Ирам”-и пойтахт санаи 13 апрел доир мегардад, ҳуқуқ пайдо […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Бо фармоиши президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар тамоми шаҳру навоҳӣ ва вилоятҳои кишвар озмуни умумиҷумҳуриявии “Кадбонуи беҳтарини Тоҷикистон” баргузор мешавад, хабар доданд ба “Азия-Плюс” аз Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Ғолибони озмун дар минтақаҳо ба иштирок дар давраи ниҳоӣ, ки дар “Боғи Ирам”-и пойтахт санаи 13 апрел доир мегардад, ҳуқуқ пайдо мекунанд.

Комиссияи ҷумҳуриявии озмунро ёвари президент оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Абдуҷаббор Раҳмонзода роҳбарӣ мекунад.

Мувофиқи шартҳои озмун, иштирокчиёни он бояд аз уҳдаи оростани дастурхон, тайёр кардани хӯрокҳои миллӣ, пухтани нон ба хубӣ баромада, ҳамчунин бояд сермутолиа бошанд, то ки ба фарзандон дар тайёр кардани вазифаҳои хонагӣ кумак расонанд.

Ғолибони озмун бо ифтихорномаҳо ва ҷоизаву туҳфаҳои махсус қадронӣ мешаванд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.