Пули ихроҷро акнун худи муҳоҷирон пардохт мекунанд

ВКД Русия лоиҳаи қонунеро таҳия намудааст, ки муҳоҷиронро ба ҷуброни хароҷоти истирдод ва ихроҷи маъмурӣ аз кишвар уҳдадор мекунад. Ин ҳуҷҷат дар портали федералии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ нашр шудааст. Дар қонуни амалкунандаи қабулшуда аз 15 августи соли 1996 “Дар бораи тартиби хориҷ шудан аз Русия ва вуруд ба Русия” бозгашти шаҳрванди хориҷӣ ба Русия то замони […]

Asia-Plus

ВКД Русия лоиҳаи қонунеро таҳия намудааст, ки муҳоҷиронро ба ҷуброни хароҷоти истирдод ва ихроҷи маъмурӣ аз кишвар уҳдадор мекунад. Ин ҳуҷҷат дар портали федералии санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ нашр шудааст.

Дар қонуни амалкунандаи қабулшуда аз 15 августи соли 1996 “Дар бораи тартиби хориҷ шудан аз Русия ва вуруд ба Русия” бозгашти шаҳрванди хориҷӣ ба Русия то замони ҷуброни хароҷоти марбут ба ихроҷи маъмурӣ ё истирдод манъ шудааст.

Дар лоиҳаи қонуни нав ҷорӣ кардани меъёри танзимкунандаи дахлдор пешниҳод мешавад, яъне ин пардохт (ҷуброн) уҳдадорӣ муқаррар шавад. Дар моддаҳои 31 ва 34-и қонуни федералӣ “Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвнадони хориҷӣ дар Русия” ворид намудани ду тағйирот пешниҳод мегардад, ки мувофиқи он, ҷуброни хароҷот ба дӯши худи ин шахси ихроҷ ё истирдодмешуда вогузор мешавад.

Баррасии ин пешниҳод миёни ҷомеа, ки метавонад аз моҳи июли соли равон мавриди амал қарор гирад, то 17 апрел идома меёбад.

Бино ба маълумоти ВКД Русия, тавре АИ “Фергана” хабар медиҳад, соли 2018 беш аз 600 ҳазор ҳодисаҳои қонуншикании маъмурӣ ба қайд гирифта шуда, зиёда аз 6 ҳазор нафар хориҷиён истирдод шудаанд. Ба қариб 200 ҳазор нафар ба муҳлати аз се то панҷ сол вуруд ба Русия манъ шудааст.

Айни замон дар қаламрави Русия наздики 10 млн. нафар шаҳрвандони хориҷӣ кору таҳсил ё зиндагӣ доранд, ки ҳузури 2,4 млн. нафари онҳо ғайриқонунӣ аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.