Боздиди Шукурҷон Зуҳуров аз Қатар ва баррасии масъалаи шуғли муҳоҷирони кории тоҷик

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикисто Шукурҷон Зуҳуров пагоҳ, 5 апрел ба Давлати Қатар сафар мекунад. Бино ба маълумоти дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар назар аст, ки Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаҳои 140-уми Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ (6-10 апрел) иштирок ва суханронӣ намуда, бо намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар дидору мулоқотҳо анҷом диҳад. Яке аз […]

Asia-Plus

Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикисто Шукурҷон Зуҳуров пагоҳ, 5 апрел ба Давлати Қатар сафар мекунад.

Бино ба маълумоти дафтари матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, дар назар аст, ки Шукурҷон Зуҳуров дар ҷаласаҳои 140-уми Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ (6-10 апрел) иштирок ва суханронӣ намуда, бо намояндагони воломақоми ҳукумати ин кишвар дидору мулоқотҳо анҷом диҳад.

Яке аз масъалаҳое, ки дар вохӯрии Шукурҷон Зуҳуров бо раҳбарияти Қатар матраҳ хоҳад хоҳад шуд, ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисоди Тоҷикистон ва ҳамчунин масъалаи шуғли муҳоҷирони кории тоҷик дар ин кишвар мебошад.

Дар кори ҷаласаи 140-уми Ассамблеяи Иттиҳоди Байнипарламентӣ иштироки беш аз 2 ҳазор нафар қонунгузорон ва 80 нафар раисони парлумонҳои зиёда аз 160 кишвар дар назар аст.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.