Журналисти шинохта Мурод Сотиев аз олам даргузашт

Имрӯз, 4 апрел дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) журналист шинохта, хабарнигори собиқи “Азия – Плюс”, хабарнигори кунунии АМИТ “Ховар” ва сармуҳарири нашрияи русзабони “Новый Хатлон” Мурод Сотиев аз олам гузашт. Ба қавли наздикони Мурод Сотиев дирӯз саломатии ӯ бад шуда, субҳи имрӯз ӯро ба беморхонаи шаҳри Бохтар бурдаанд. Мурод Сотиев дар беморхона аз олам гузаштааст ва […]

Сайраҳмон Назриев, махсус барои Азия-Плюс

Имрӯз, 4 апрел дар шаҳри Бохтар (собиқ Қӯрғонтеппа) журналист шинохта, хабарнигори собиқи “Азия – Плюс”, хабарнигори кунунии АМИТ “Ховар” ва сармуҳарири нашрияи русзабони “Новый Хатлон” Мурод Сотиев аз олам гузашт.

Ба қавли наздикони Мурод Сотиев дирӯз саломатии ӯ бад шуда, субҳи имрӯз ӯро ба беморхонаи шаҳри Бохтар бурдаанд. Мурод Сотиев дар беморхона аз олам гузаштааст ва духтурон сабаби марги ӯро сактаи қалб гуфтаанд.

Ҷанозаи марҳум имрӯз, 4 апрел соати 17:00 дар масҷиди шаҳри Бохтар баргузор гардид.

Мурод Сотиев яке хабарнигорони пуркори кишвар ба шумор мерафт. Номбурда фаъолияти худро аз мактаб ба ҳайси омӯзгори забони русӣ оғоз карда, баъдан дар Кумитаи комсомоли ноҳияи Вахш кор кадааст. Маҳз аз ин симмат ба журналистика рӯ оварда, то охирин лаҳзаҳои умр дар ин соҳа фаъолият намудааст.

Ҳайъати кормандони гуруҳи расонаҳои “Азия – Плюс” ба аҳли хонавода ва пайвандони Мурод Сотиев ҳамдардии амиқи худро баён карда, барояшон сабри ҷамил мехоҳанд.

 Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.