ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” барои таҳсил дар Хитой озмун эълон мекунад

Ҷавобан ба хитобаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастгирии ҷавонони тоҷик, ки дар маросими кушодашавии коргоҳи металлургӣ санаи 16-уми ноябри соли 2017 садо дода буд, ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” дар ҳамдастӣ бо муассисаҳои олии таълимии номдори ҶХХ дар соҳаи металлургӣ, ба монанди Донишгоҳи Технологии Кунмин, Донишгоҳи Ландҷоу, […]

admin

Ҷавобан ба хитобаҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дастгирии ҷавонони тоҷик, ки дар маросими кушодашавии коргоҳи металлургӣ санаи 16-уми ноябри соли 2017 садо дода буд, ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” дар ҳамдастӣ бо муассисаҳои олии таълимии номдори ҶХХ дар соҳаи металлургӣ, ба монанди Донишгоҳи Технологии Кунмин, Донишгоҳи Ландҷоу, Донишгоҳи Си Бей, Донишгоҳи илмӣ-техникии Чанша ва Донишгоҳи нафтии Хитой барои таҳсили ҷавонони тоҷик дар ҶХХ озмун эълон намуданд. Соли 2019 ба нақша гирифта шудааст, ки 30 нафар донишҷӯён ва магистрон барои азхудкунии забони хитойӣ ба мӯҳлати як сол ба таҷрибаомӯзӣ равона карда мешаванд.

Аз тарафи Ҷамъият баъди ба имзо расидани шартномаи таҳсил якчанд намуди стипендияҳо пешбинӣ карда шудаанд, аз ҷумла гирифтани раводид, дастгирӣ барои харидорӣ намудани маводи хониш, пардохти хароҷоти муоинаи тиббӣ ва супоридани имтиҳонҳои НСК-4, 5, 6 дар ҶХХ, пардохти чиптаи ҳавопаймои рафту омад ва кӯмаки моддӣ ба маблағи 1000 (як ҳазор) юан.

Талаботи асосӣ ба довталабон: Аризадиҳанда бояд шаҳрванди ҶТ бошад, солим бошад (бе касалиҳои сироятӣ ва ҳомиладорӣ), доғи судӣ надошта, барои рушду ташаккули соҳаи металлургӣ дар ҶТ саҳм гузоштанӣ бошад. Барои гирифтани номзадии бакалавр шаҳодатномаи хатми мактаби миёнаро бо баҳоҳои баланд доштан, сину сол то 25-сола, ба номзадии магистр гирифтани дараҷаи бакалавр ё мутахассис, синну сол то 35 сола.

Синну соли аризадиҳанда барои омӯзиши забони хитойӣ то 45 сола. Синну соли довталабон то сентябри соли ҷорӣ бояд ба 18 расида, сертификати сатҳи 3-юми НСК аз забони хитойӣ дошта бошад. Аризадиҳанда  бо Ҷамъият бояд шартнома дар бораи таҳсил ба имзо расонад.

Муҳлатҳои таҳсил: Бакалавр – 1+4 сол, соли якум азхудкунии забони хитойӣ, дар ҳолати расидан ба талабот метавонад 3 сол магистриро хонад.

Муҳлати таҷрибаомӯзии забони хитойӣ – 11 моҳ.

Барои гирифтани маълумоти пурра ва дақиқ ҳамаи хоҳишмандон метавонанд ба намояндагии ҶДММ “Ширкати кӯҳӣ-саноатии Тоҷикистону Хитой” тариқи телефон  бо рақамҳои зерин занг зананд:

 92-876-88-81,92-834-88-83, 92-919-88-84. Аризаҳо то санаи 15.04.2019 сол қабул карда мешаванд.

Почтаи электронӣ: tajikchina@mail.ru

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.