Боздиди ҳайати ВКХ Муғулистон аз Тоҷикистон

Як ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон таҳти сарварии муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Батмунх Батсэтсэг рӯзҳои 13-16 апрел аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ. Дар доираи сафари ҳайат аз Улан-Батор ба Душанбе байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Муғулистон машваратҳои сиёсӣ баргузор мешаванд. Дар чаҳорчӯби сафар ҳайати Муғулиситон […]

Asia-Plus

Як ҳайати Вазорати корҳои хориҷии Муғулистон таҳти сарварии муовини вазири корҳои хориҷии ин кишвар Батмунх Батсэтсэг рӯзҳои 13-16 апрел аз Тоҷикистон боздид мекунад, хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ.

Дар доираи сафари ҳайат аз Улан-Батор ба Душанбе байни Вазоратҳои корҳои хориҷии Тоҷикистону Муғулистон машваратҳои сиёсӣ баргузор мешаванд.

Дар чаҳорчӯби сафар ҳайати Муғулиситон ҳамчунин дар вазорату идораҳои бахши иқтисодӣ ва сайёҳии Тоҷикистон дидору гуфтушунидҳо анҷом медиҳад.

Қобили зикр аст, ки муносибатҳои дипломатӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Муғулистон 24 апрели соли 1992 роҳандозӣ шуданд.

Дар ҷараёни сафари расмии Президенти Тоҷикистон ба Муғулистон 23 марти соли 2009 як силсила санадҳои меъёрӣ ҳуқуқии дуҷониба, аз ҷумла Созишнома байни ҳукумати Тоҷикистон ва ҳукумати Муғулистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ба имзо расиданд, ки заминаи шартномавӣ ва ҳуқуқии муносибатҳои ду кишварро танзим менамояд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.