Обуҳавошиносон ҳушдор медиҳанд: боришот зиёд мешавад

Се рӯзи наздик дар қаламрави Тоҷикистон обуҳавои номусоид боқӣ монда, эҳтимоли боришоти шадид дар назар аст. Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, дар натиҷаи тағйири обуҳаво барфҳо дар кӯҳҳо об шуда, мулоим шудани хоки зери барф дар теппаҳо метавонад сабабгори рониши замин шавад. Ҳамчунин болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар назар аст. Зимнан […]

Asia-Plus

Се рӯзи наздик дар қаламрави Тоҷикистон обуҳавои номусоид боқӣ монда, эҳтимоли боришоти шадид дар назар аст.

Бино ба маълумоти маркази матбуоти Кумитаи ҳолатҳои фавқулодаи ҷумҳурӣ, дар натиҷаи тағйири обуҳаво барфҳо дар кӯҳҳо об шуда, мулоим шудани хоки зери барф дар теппаҳо метавонад сабабгори рониши замин шавад. Ҳамчунин болоравии сатҳи оби рӯдхонаҳо дар назар аст.

Зимнан ҳушдор дода мешавад, ки дар натиҷаи боронҳои шадид хавфи лағзиши тарма, омадани сел ва резиши санг зиёд аст.

Аз ин рӯ, Кумита аз аҳолии мамлкат хоҳиш кардааст, ки аз сафар ба мавзеъҳои селрезу тармахез худдорӣ кунанд, муддате то эътидоли ҳаво ба кӯҳу доманакӯҳҳо низ ба қасди омода кардани ҳезуму алаф ё чаронидани моли худ нараванд.

Ёдрас мешавад, ки ҳангоми ҳолатҳои фавқулода ва ё ягон ҳодисаи нохӯш  шаҳрвандон метавонанд бо телефонҳои бахши навбатдории КҲФ: 93 880 28 19; 221-91-19 ва 223-13-11 муроҷиат намоянд.

Қобили зикр аст, ки охири ҳафтаи гузашта бар асари  боронҳои шадид дар як қатор манотиқи кишвар сел омада, ба заминҳои кишт, роҳҳои мошингард, қитъаҳои наздиҳавлигии сокинон зарар расонд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.