Пирӯзии навбатии футболбозони навраси тоҷик: Тоҷикистон – Мянма – 5:0

Дар вохӯрии дуюми мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Хуашан-2019» (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) дар Чин низ мунтахаби футболи синни то 15-солаи наврасони Тоҷикистон (U-15) ғалаба ба даст овард. Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии дуюм шогирдони Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи мунтахаби Мянма 5 голи беҷавобро ба ҳафдаф расониданд. […]

Asia-Plus

Дар вохӯрии дуюми мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Хуашан-2019» (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) дар Чин низ мунтахаби футболи синни то 15-солаи наврасони Тоҷикистон (U-15) ғалаба ба даст овард.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Федератсияи футболи Тоҷикистон, дар бозии дуюм шогирдони Аҳлиддин Турдиев ба дарвозаи мунтахаби Мянма 5 голи беҷавобро ба ҳафдаф расониданд.

Гуфта мешавад, тӯбҳоро аз дастаи Тоҷикистон дар ин вохӯрӣ Хусрав Тоиров (дақ. 23-юм), Меҳрубони Абдурауф (дақ. 27), Муҳаммадворис Сайдалиев (дақ. 53, аз зарбаи 11-метра), Абдулфаттоҳ Худойдодзода (дақ. 57) ва Муҷовид Шовайсудинов (дақ. 90-ум) ба ҳадаф расонидаанд.

Дар бозии аввали ин мусобиқа низ футболбозони навраси тоҷик дастаи Қирғизистонро дилпурона бо ҳисоби 8 бар 0 мағлуб намуда, акнун дар даври ниҳоӣ рӯзи 10 апрел бо тими Чин (оғози вохӯрӣ соати 16:35 бо вақти Душанбе) бозӣ мекунанд.

Иштирок дар мусобиқаи байнулмилалии Ҷоми “Роҳи абрешим – Хуашан-2019» (Silk Road – Hua Shan Cup-2019) як марҳилаи омодагӣ ба мусобиқаи даври интихобии Чемпионати Осиё-2020 барои футболбозони навраси тоҷик мебошад, ки моҳи сентябр баргузор мешавад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.