Прокурори генералии Тоҷикистон: соли гузашта 27 муҳоҷири кории тоҷик кушта шуданд

Зимни гузориш дар Идораи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева доир ба риояи ҳуқуқи муҳоҷирон прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон изҳор намуд, ки соли гузашта дар берун аз кишвар 27 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд, ки назар ба соли 2017 камтар будаст. Дар соли 2017 дар хориҷ 49 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд. Бино […]

Asia-Plus

Зимни гузориш дар Идораи ҳуқуқи инсони Созмони Милали Муттаҳид дар шаҳри Женева доир ба риояи ҳуқуқи муҳоҷирон прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон изҳор намуд, ки соли гузашта дар берун аз кишвар 27 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд, ки назар ба соли 2017 камтар будаст. Дар соли 2017 дар хориҷ 49 шаҳрванди Тоҷикистон кушта шудаанд.

Бино ба маълумоти Радиои Озодӣ, тибқи омори пешниҳодкардаи ӯ, 2013 барои муҳоҷирони кории тоҷик соли аз ҳама хунин будааст. Дар соли 2013 дар хориҷа 94 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон кушта шудаанд. Додситони кул гуфтааст, дар соли 2014 – 59 нафар, 2015- 39 нафар ва соли 2016 -56 шаҳрванди Тоҷикистон дар хориҷ аз кишвар кушта шуданд.

Юсуф Раҳмон аз кишвари мушаххасе ном набурда, аммо гуфтааст, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон, аз ҷумла Додситонии кул аз рӯи ҳар ҳодисаи куштори шаҳрванди Тоҷикистон ба мақомоти кишвари дахлдоре, ки шаҳрванд он ҷо кушта, шудааст дархост мефиристанд.

“Ҷараёни таҳқиқи ҳар парвандаи ҷиноии марбут ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон таҳти назорати доимии сафорат ва намояндагиҳои дипломатӣ қарор дорад", – иброз доштааст прокурори генералии ҷумҳурӣ.

Гуфта мешавад, бар асоси гузориши расмии Омбудсмени Тоҷикистон, соли гузашта аз Русия ба Тоҷикистон тобути 966 муҳоҷир оварда шудааст, ки дар муқоиса ба соли 2017 беш аз 90 ҳолат зиёд аст.

Қобили зикр аст, ки кори иҷлосияи 30 Кумитаи СММ оид ба ҳимояи ҳуқуқҳои муҳоҷирони корӣ ва аъзои оилаи онҳо дар Женева то 12 апрел идома меёбад. Ин гузориши дуюми марҳилавии Тоҷикистон назди Кумита буда, гузориши аввал соли 2004 пешниҳод гардида буд.

Тоҷикистонро дар Женева прокурори генералӣ Юсуф Раҳмон, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Сумангул Тағойзода, роҳбари Агентии омор Гулнора Ҳасанзода, сардори Раёсати кафолати ҳуқуқҳои инсони Дастгоҳи иҷроияи президент Абдуҷаббор Сатторзода намояндагӣ мекунанд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

ФАО: “Хавфҳои иқлимӣ ба амнияти озуқавории Осиёи Марказӣ таҳдид мекунанд”

Таназзули замин маҳсулнокӣ коҳиш дода, талафи гуногунии биологӣ низомҳои экологиро, ки деҳқонону чорводорон ва аҳолии деҳот ба он вобастаанд, заъиф месозад.

Аз 1 июл боҷҳои воридотӣ барои серунсоз ва қандилҳо боло мераванд

Меъёр барои серунсозҳо се баробар ва барои қандилу чароғҳо ду баробар зиёд мешавад.

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.