Президенти БАТР ба Тоҷикистон ташриф меорад

Президенти Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) Сума Чакраборти имрӯз, 1 июл ба Тоҷикистон ташриф меорад. Ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони ҳукумат, аз ҷумла вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода дидору гуфтушунид мекунад. Сума Чакраборти ҳамчунин бо намояндагони тиҷорати хурду миёна вохӯрда, дар чорабинии дастаҷамъона иштирок мекунад, […]

Asia-Plus

Президенти Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) Сума Чакраборти имрӯз, 1 июл ба Тоҷикистон ташриф меорад.

Ӯ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, намояндагони ҳукумат, аз ҷумла вазири молия Файзиддин Қаҳҳорзода ва вазири энергетика ва захираҳои оби ҷумҳурӣ Усмоналӣ Усмонзода дидору гуфтушунид мекунад.

Сума Чакраборти ҳамчунин бо намояндагони тиҷорати хурду миёна вохӯрда, дар чорабинии дастаҷамъона иштирок мекунад, хабар медиҳад дафтари матбуоти БАТР.

Қобили зикр аст, ки ин сафари дуюми президенти БАТР Сума Чакраборти ба Тоҷикистон буда, сафари аввал соли 2014 баргузор шуда буд.

Барномаҳои БАТР дар Тоҷикистон ба барқарор намудани эътимоди мардум ба бонкҳо, рушди корхонаҳои хусусӣ ва роҳандозии тиҷорат дар соҳаи аграрӣ, беҳбуди дастрасиву эътимод ва сифати хизматгузориҳои мақомот, беҳтар кардани сифати таъмино бо нерӯи барқ, танзим ва пурсамарии истифодаи энергия нигаронида шудааст.

То имрӯз БАТР ба 127 лоиҳа дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Тоҷикистон наздики 673 млн. Евро (755 млн. доллар) сармоягузорӣ кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Шоҳномахони дуюнимсола. Чӣ гуна Ҳанифаи хурдсол “Шоҳнома” азёд мекунад?

Ҳамасола 15-уми май ҳамчун Рӯзи бузургдошти Абулқосим Фирдавсӣ, шоири бузурги тоҷику форс ва муаллифи асари нодири ҳамосӣ – "Шоҳнома" таҷлил мешавад.

Як донишҷӯйро барои паҳни адабиёти динӣ наздики 5,5 ҳазор сомонӣ ҷарима кардаанд

Ин ҷавон аз Шаҳритӯс маводҳои диниро бидуни гирифтани хулосаи ташхиси давлатии диншиносӣ паҳн кардааст.

Дар Тоҷикистон хамираҳои дандоншӯии қалбакии “SPLAT” ошкор шудааст. “Тоҷикстандарт” ҳушдор медиҳад

Бо тавсияҳои ин ниҳод ва намунаҳои қалбакии ин хамираҳо дар ин хабари мо шинос шавед.

Мавқеи Тоҷикистон дар Шохиси шаффофияти буҷет беҳтар шудааст, вале ҳанӯз нокофӣ аст

“Шабакаи байналмилалии буҷетӣ” радабандии шаффофияти буҷетро барои соли 2025 нашр кардааст.

“Ягон партовкаш нест”. Кӣ Хуҷандро аз партовҳо тоза мекунад?

Роҳбари корхонаи “Хизматрасонии нақлиёти санитарии шаҳри Хуҷанд” аз набудани коргарон шиква кард.

Ҷон бохтани 64 кас дар пайи ҳодисаҳои нохуш ва офатҳои табиӣ дар 4 моҳ

Аз ҷумла, қариб 40 кас дар кӯлу дарёҳои Тоҷикистон ғарқ шудаанд.

Мақомоти Тоҷикистон мехоҳанд бойгониҳоро рақамӣ кунанд

То 2030 ҳамаи бойгониҳои давлатӣ, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки сирри давлатӣ доранд, бояд электронӣ шаванд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 88

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 15 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Боқӣ Раҳимзодаву Аловуддин Абдуллоев то Рӯзи бузургдошти Фирдавсӣ