Якумин тафсири сиёсати савдои Тоҷикистон назди СУС апрели соли 2020 дар нақша аст

Иттилоияи расмӣ

Ба Директори кулли СУС Роберто Азеведо тасдиқномаи Тоҷикистон вобаста ба эътирофи Протоколи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи Мароккаш оид ба таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тақдим гардид.

Рӯзи 2 июли соли 2019 дар мулоқот бо Директори кулли Созмони Умумиҷаҳонии Савдо (СУС) ҷаноби Роберто Азеведо Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Завқизода Завқӣ Амин дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самтҳои ҳамгироӣ ба савдои байналмилалӣ ва соддагардонии расмиёти савдо, аз ҷумла дар доираи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо муаррифӣ намуда, корҳои иҷрошударо вобаста ба омодагии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дар сатҳи баланд гузаронидани якумин тафсири сиёсати савдои кишвар дар назди СУС қайд намуд.

Зикр гардид, ки дар асоси Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузории якумин тафсири сиёсати савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди СУС моҳи апрели соли 2020 ба нақша гирифта шуда, ҷиҳати дар сатҳи назаррас гузаронидани чорабинии қайдгардида нақшаи корӣ тасдиқ гардидааст.

Дар вохӯрӣ Роберто Азеведо ба дастовардҳо ва пешравиҳои ноилгардидаи соҳаи савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар давраи узвият дар СУС баҳои баланд дод.

Дар охири мулоқот аз ҷониби Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо ба Директори кулли созмон тасдиқномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста ба эътирофи Протоколи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Созишномаи Мароккаш оид ба таъсиси Созмони Умумиҷаҳонии Савдо тақдим гардид.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...