Орумбекзода: Маршировка барои донишҷӯён маҷбурӣ нест

Манзумаи Фирӯз, Asia-Plus

Иштирок намудани донишҷӯён дар маршировка маҷбурӣ нест, гуфт Шамсиддин Орумбекзода дар посух ба саволи хабарнигори “Азия-Плюс” зимни нишасти хабарӣ.

Ӯ илова кард, ки “донишҷӯе, ки иштирок дар маршировкаро хоҳиш надорад, касе ҳақ надорад, ки ӯро ба ин кор маҷбур созад”.

Аммо номбурда ҳамчунин илова кард, ки иштирок дар чунин чорабиниҳои сатҳи ҷумҳуриявӣ бадие надорад ва ҳар иштирокчӣ бояд ифтихор намояд.

“Дар ҳаёти фарҳангии ҷомеа ширкат варзидан мояи ифтихор аст. Вале онҳое, ки хоҳиш надоранд, касе онҳоро маҷбур намекунад.  Аммо ҳолатҳое шудааст, ки дар баъзе мавридҳо ҳунармандон ва донишҷӯён, ки аз ҳайат бароварда мешаванд, баракс омада шикоят мекарданд, ки онҳо бояд дар чорабини ширкат варзанд”, – иброз дошт ӯ.    

Баъди суханронии вазир як хабарнигори ҷавон, ки донишҷӯй аст ва худро Сайрам Мӯсоева муарифӣ кард, ба Орумбекзода гуфт, ки “шумо гуфтед ба маршировка рафтан маҷбурӣ нест, аммо моро таҳдид мекунанд, ки дар ҳолати нарафтан аз донишгоҳ хориҷ мешавем. Ба ин чи мегӯед?”.

Орумбекзода дар посух илова кард, ки чунин талабот заминаи қонунӣ надорад ва агар нафаре нахоҳад, дар чунин маъракаҳо иштирок кунад, бигзор наравад. 

Зимнан зикр гардид, ки ин масъала ҳамеша дар конфронсҳо баррасӣ гардида, то имрӯз ҳалли худро пайдо накардааст. Гарчанде масъулони дигар ниҳодҳо низ мегӯянд, иштирок дар маршировка маҷбурӣ нест, аммо боз ҳам донишҷӯён бе хоҳиши худ дар он ширкат меварзанд. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...