Ҳалокати ду нафар тиллоҷӯён дар Ховалинг зери сангпора

Аваз Юлдошев

Ҳодисаи фоҷеабор нимаи дуюми рӯзи 27 июл дар кони тиллои “Шугнов”-и ноҳияи Ховалинг рух дод.

Ҷасадҳои ҳалокшудагон – Бобоҷон Файзуллоеви 42-сола, сокини шаҳри Кӯлоб ва Дилшод Худоиеви 31-сола, сокини ноҳияи Панҷ ба ихтиёри наздикону пайвандонашон супурда шуд, хабар дод ба “Азия-Плюс” сардори маркази матбуоти Кумитаи ҳолтаҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди ҳукумати Тоҷикистон Умеда Юсуфӣ.

Ҳангоми сангфароӣ яке аз сокинони маҳаллӣ ҷароҳат гирифтааст. Ҳодиса мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Дар ҷамоати Шугнови ноҳияи Ховалинг яке аз конҳои бузурги тилло воқеъ аст. Айни замон ин ҷо панҷ ширкат ба истихроҷи тило машғуланд. Ғайр аз ин, беш аз ҳазор нафар сокинони вилояти Хатлон дастӣ низ тилло ҷустуҷӯ мекунанд.

Истихроҷи тилло дар кони Шугнов охири асри 19 аз ҷониби ҳукумати подшоҳии Русия ба роҳ монда шуда буд. Тиллои ин кон беҳтарин навъи тилло дар Тоҷикистон арзёбӣ мешавад.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини Сипоҳи посдорони Инқилоби Исломӣ як ҳафтаи охир дар сархати расонаҳо қарор гирифтааст. Махсусан, баъди он...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...