Тоҷикистонро боз як заминларзаи дигар такон дод

Имрӯз, 8 август соати 05:45 дақиқа бо вақти Душанбе дар қаламрави Тоҷикистон заминларза эҳсос шуд. Тавре ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, маркази заминларза дар 260 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ будааст. Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро […]

Asia-Plus

Имрӯз, 8 август соати 05:45 дақиқа бо вақти Душанбе дар қаламрави Тоҷикистон заминларза эҳсос шуд.

Тавре ба “Азия-Плюс” аз Хадамоти геофизикии Академияи илмҳои ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, маркази заминларза дар 260 километрии ҷанубу шарқи Душанбе, дар қаламрави Афғонистон воқеъ будааст.

Бино ба иттилои манбаъ, қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 5 балл ва дар шаҳри Душанбе 3-4 баллро ташкил додааст.

Дар бораи харобиҳо ва осебҳои эҳтимолӣ бар асари ин заминҷунбӣ дар Тоҷикистон маълумот дода намешавад.

Се рӯз пеш 5 август, соати 00:04 дақиқа бо вақти Душанбе низ дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба қайд гирифта шуда, он дафъа ҳам маркази заминларза дар қаламрави кишвари ҳамсояи Афғонистон воқеъ буд. Он замон қувваи заминҷунбӣ дар марказаш 4 балл ва дар шаҳри Душанбе 2-3 баллро ташкил дод.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.