Президент дар Ховалинг осорхонаи Восеъро боз намуд

Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхони таърихӣ-кишваршиносии Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои Осорхона аз ду ошиёна ва таҳхона иборат буда, дар он нигораҳо ба таври замонавӣ ба намоиш гузошта шудааст. Айни ҳол дар инҷо 1893 адад […]

Asia-Plus

Дар ҷараёни сафари корӣ ба ноҳияи Ховалинг Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бинои навбунёди Осорхони таърихӣ-кишваршиносии Қаҳрамони халқи тоҷик Восеъро мавриди баҳрабардорӣ қарор дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, бинои Осорхона аз ду ошиёна ва таҳхона иборат буда, дар он нигораҳо ба таври замонавӣ ба намоиш гузошта шудааст. Айни ҳол дар инҷо 1893 адад нигораҳо, аз ҷумла 1393 адад асосӣ ва 500 адад ёрирасон мавҷуд аст.

Гуфта мешавад, феълан дар ин Осорхона ашёҳо аз рӯзгор ва фаъолияти Восеъ ва маснуоти миссӣ, чӯбин, сангӣ, биринҷӣ, сафолӣ, дастхатҳои қадима ва дигар нигораҳо мавҷуданд. Ҳамчунин пайкари ин Қаҳрамони халқи тоҷик дар рӯ ба рӯи бинои нав бо баландии 6 метр гузошта шудааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.