Дар шаҳри қадимии Карон олимон расадхона бозёфт карданд

Дар мавзеи шаҳри қадимии Карон таҳқиқотгарон расадхонае пайдо кардаанд, ки эҳтимол,  то асри 15-и мелодӣ фаъолият мекардааст. Бино ба иттилои сомонаи расмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо истинод ба гуфтаҳои академик Юсуфшоҳи  Яқубшоҳ, корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҶТ, дар вайронаҳои расадхона маводи гуногуни сангӣ низ дарёфт гардиданд. “Инҳо тахтасангҳои хурдҳаҷм мебошанд, ки […]

Дар мавзеи шаҳри қадимии Карон таҳқиқотгарон расадхонае пайдо кардаанд, ки эҳтимол,  то асри 15-и мелодӣ фаъолият мекардааст.

Бино ба иттилои сомонаи расмии Академияи илмҳои Тоҷикистон бо истинод ба гуфтаҳои академик Юсуфшоҳи  Яқубшоҳ, корманди Институти таърих, бостоншиносӣ ва мардумшиносии Академияи илмҳои ҶТ, дар вайронаҳои расадхона маводи гуногуни сангӣ низ дарёфт гардиданд.

“Инҳо тахтасангҳои хурдҳаҷм мебошанд, ки шаклҳои гуногуни геометрӣ доранд, – иброз доштааст академик. – Кай пайдо шуданд ва то кай фаъолият кардани ин расадхона то ҳол маълум нест, таҳқиқотҳо дар ин самт идома доранд”.

Юсуфшоҳи  Яқубшоҳ гуфтааст дар солҳое, ки шоҳ дар ин Қалъа зиндагӣ мекард ин расадхона амал мекард.

Ба гуфтаи ин бостоншиноси тоҷик корҳои кофтукобӣ дар Қалъаи Карон имсол ба поён расида, дар назар аст он соли оянда идома пайдо кунад.

Гуфта мешавад, қаблан бостоншиносони тоҷик, аз қалъаи қадимаи Карон се иншооти муҳим-бурҷи оташ, боҷхона ва маъбади об пайдо карда буданд.

Шаҳри бостонии Карон, воқеъ дар ноҳияи Дарвоз тақрибан, 4 ҳазор сол пеш бунёд ёфта, ба даврони тамаддуни ориёни бостонӣ рост меояд.

Дар маҷмӯъ, минтақаи Дарвоз дорои имкониятҳои сайёҳӣ буда, бо таъриху фарҳанг, табиати нотакрор, обҳои мусаффою шифобахш ва анъанаҳои мардумӣ таваҷҷуҳи сайёҳонро   ба худ ҷалб кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".