Зани дуюм саломатии мардро беҳтар мекунад?

Дар Тоҷикистон заноне ҳастанд, ки шахсан барои шавҳарашон зани дуюмро ба хона меоранд ва хушбахтона бо ҳам зиндагӣ доранд. Чаро ба ин масъала рӯ овардем? Бо ақидаи зерин вохӯрдем: Этнограф (мардумшинос) Галия Кандаулиқизи, раиси раёсати ҷамъияти модарони серфарзанди «Алтын алка» (Овезаи тиллоӣ) бар ин назар аст, ки доштани маъшуқа барои мардони оиладори қазоқ хуб аст. […]

Asia-Plus

Дар Тоҷикистон заноне ҳастанд, ки шахсан барои шавҳарашон зани дуюмро ба хона меоранд ва хушбахтона бо ҳам зиндагӣ доранд.

Чаро ба ин масъала рӯ овардем? Бо ақидаи зерин вохӯрдем:

Этнограф (мардумшинос) Галия Кандаулиқизи, раиси раёсати ҷамъияти модарони серфарзанди «Алтын алка» (Овезаи тиллоӣ) бар ин назар аст, ки доштани маъшуқа барои мардони оиладори қазоқ хуб аст. Ба гуфтаи ӯ, барои ҷамъияти қадимаи қазоқ маъшуқа – маъмулан “токал” (зани дуюм ё хурдӣ) аст.

“Барои умри дароз дидани шавҳаратон, барояш зани дуюм ҷӯед. Марде, ки як зан дорад, пир шуда ҳамроҳи занаш бемор мешавад. Дар аксари ҳолатҳо марди пиронсол пеш аз занаш мефавтад. Марди дӯстдоштаатонро ба марг маҳкум накунед. Бо зани ҷавон марди пиронсол ҳам ҷавон мешавад”, – овардааст гуфтаҳои ӯро Eadaily.com.

Даъватҳои Галия Кандаулиқизи ба серзанагӣ, ба қавли худаш, ба мушкилоти демографӣ дар Қазоқистон низ вобаста аст, зеро чун пешина ба мисли модаркалонҳояшон ҳозир занони қазоқ серфарзанд шудан намехоҳанд.

Дар мавриди ин масъала назари коршиносони тоҷикро пурсидем.

– Маъшуқа доштан ё надоштан кори шахсии ҳар як мард ё мушкили худи ӯст, лекин ақидаи умри мардро дароз кардани маъшуқа гапи беҳуда аст, – мегӯяд ҷомеашинос Алла Ардаева. – Лекин маъшуқа ё зани дуюм доштани мард ба ҳолати рӯҳии занони якум таъсир расонида метавонад.

Аксари занони тоҷик мухолифи зани дуюм доштани мардон мебошанд, лекин заноне ҳам ҳастанд, ки ба шавҳарашон инро иҷоза медиҳанд.

– Ин ки маъшуқа шавҳаратонро ҷавон карда метавонад, ғайривоқеӣ буда, аммо гирифторӣ ба бемории сироятӣ аз ӯ комилан имконпазир аст, – мегӯяд гинеколог (духтури бемориҳои занона) Мунира Қадамалиева. – Шумори бемориҳои тариқи алоқаи ҷинсӣ гузаранда доимо дар ҳоли афзоиш буда, аксари вақт онро мардон пешгирӣ намекунанд ва сипас ҳамсарашон ҳам аз он сироят меёбад.

“Ҳамроҳ зиндагӣ дорем, кӯдакон моро Модари калонӣ ва Модари хурдӣ ном мебаранд”

Қаҳрамони мо Шарофат сокини шаҳри Душанбе аст. Ҳафт сол пеш ӯ огаҳӣ ёфт, ки ҳамсараш “бевабозӣ” мекунад. Аввал ғамгину рӯҳафтода шуда, хеле зиёд мунтазир шуд, ки ӯ аз маъшуқааш даст мекашад, лекин мард ин корашро напартофт.

Пас аз ин Шарофат тасмим гирифт, ки беҳтар аст, ки шавҳарро аз даст надода, бо маъшуқаи мард ҳамроҳ зиндагӣ кунанд.

– Вақте ба шавҳарам гуфтам, ки аз маъшуқа доштанаш хабардорам, ӯ ба ҳайрат афтод, – мегӯяд зан. – Аввал ӯ ҳамаашро рад кард, вале ман оромона фаҳмонидам, ки вақте занро дар ҷомеаи мо маъшуқа мегӯянд, ин хеле шармовару бад ва гуноҳ аст ва беҳтараш ман ба никоҳи онҳо иҷоза медиҳам. Аз ин рафтори ман бисёриҳо дар тааҷҷуб буданд, лекин ман ба гапҳои онҳо таваҷҷуҳе надоштам.

Акнун соли шашум аст, ки оилаи нави онҳо ҳамроҳ зиндагӣ доранд. Шарофат қаноатманд ва хеле хурсанд аст, ки онҳо муносибати хуб доранду ҳамдигарро эҳтиром мекунанд. Ӯ чунин мешуморад, ки шаш сол пеш оқилона рафтор кард.

– Ман чор фарзанд ва зани дуюм ду фарзанд дошта, кӯдакон моро Модари калонӣ ва Модари хурдӣ ном мебаранд. Мо хеле хушбахтем ва шавҳарам ҳам қаноатманд аст, – илова намуд зан.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.