Салом алейкум, Тоҷикистон! Анонс, як рӯзи таърих, вазъи обуҳаво

АНОНС – Дар Душанбе Мусобиқаи Х байнулмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон ҷараён дорад; – Дар Нур-Султон Мусобиқаи 12-уми байнулмилалӣ оид ба футбол (U-16) барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон ҷараён дорад, ки дар он мунтахаби наврасони Тоҷикистон иштирок мекунад; – Дар Япония мусобиқаи оид ба дзюдо идома дорад. Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ […]

АНОНС

– Дар Душанбе Мусобиқаи Х байнулмилалӣ оид ба теннис барои дарёфти Ҷоми Президенти Тоҷикистон ҷараён дорад;

– Дар Нур-Султон Мусобиқаи 12-уми байнулмилалӣ оид ба футбол (U-16) барои дарёфти Ҷоми Президенти Қазоқистон ҷараён дорад, ки дар он мунтахаби наврасони Тоҷикистон иштирок мекунад;

– Дар Япония мусобиқаи оид ба дзюдо идома дорад. Тоҷикистонро 9 варзишгар намояндагӣ мекунанд.

ҚУРБИ АСЪОР

Қурби асъор нисбат ба сомонӣ (асъори миллии Тоҷикистон), ки Бонки миллии ҷумҳурӣ ба ин сана муқаррар кардааст:

1 доллари ИМА –  9.6849 сомонӣ;

1 евро – 10.7202 сомонӣ;

1 рубли русӣ – 0.1466 сомонӣ. 

ЯК РӮЗИ ТАЪРИХ

Рӯзи ангиштканон

1964 — Дар Душанбе консерти ансамбли «Гулшан», нахустин ансамбли эстрадӣ дар ҷумҳурӣ доир гардид.

1995 — Дар Душанбе истеҳсоли нахустин дорувориҳои корхонаи муштараки Тоҷикистону Ҳиндустон оғоз шуд.

2007 — Дар Панҷи Поён (ноҳияи Қумсангири вилояти Хатлон) маросими ифтитоҳи пул аз болои дарёи Панҷ баргузор шуд.

2008 — Дар доираи таҷлили ҷашни 1150-солагии асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ дар шаҳри Душанбе бо иштироки президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон маросими пуршукӯҳи ифтитоҳи маҷмааи «Боғи устод Рӯдакӣ» баъди таъмиру азнавсозӣ доир гардид.

2011 — Эмомалӣ Раҳмон дар маросими мавриди истифода қарор гирифтани роҳи мошингарди Душанбе – Рашт – Ҷиргатол – Саритош иштирок кард.

2018 — Қаҳрамони Бозиҳои олимпии соли 2016, гурзандози маъруфи тоҷик Дилшод Назаров дар мусобиқаи Бозиҳои Осиё ба дарёфти медали нуқра шарафёб гардид.

1902-1982 – Зодрӯзи Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон Сергей Баласанян.

1933 – Мавлуди таърихшинос, Арбоби шоистаи илму техникаи Тоҷикистон Имомназар Келдиев.

1937 – Зодрӯзи математик, профессор Зафар Усмонов.

1949 – Мавлуди актрисаи театру кино Дилбар Умарова.

1963 – Зодрӯзи доктори улуми фалсафа Хуршедҷон Зиёев.

Харитаи интерактивии вазъи обуҳаво дар Тоҷикистон рӯзи 26 август аз ширкати Windy.com-и Чехия.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.