Бо пешниҳоди Далер Назаров дар Хоруғ мактаби мусиқӣ ва санъат таъсис дода мешавад

Далер Назаров, сарояндаи тоҷик дирӯз, 22 август бо Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар шаҳри Хоруғ вохӯрда, дар суҳбат бо раиси вилоят пешниҳод намудааст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ мактаби мусиқӣ ва санъат барои ҷавонон таъсис дода шавад.       Тавре Ғолиб Ниятбеков, котиби матбуотии раиси Вилояти Бадахшон дар суҳбат ба “Азия-Плюс”, […]

Далер Назаров, сарояндаи тоҷик дирӯз, 22 август бо Ёдгор Файзов, раиси ВМКБ дар шаҳри Хоруғ вохӯрда, дар суҳбат бо раиси вилоят пешниҳод намудааст, ки бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Хоруғ мактаби мусиқӣ ва санъат барои ҷавонон таъсис дода шавад.      

Тавре Ғолиб Ниятбеков, котиби матбуотии раиси Вилояти Бадахшон дар суҳбат ба “Азия-Плюс”, низ гуфт, пешниҳод аз ҷониби раиси Бадахшон қабул гардид ва дар оянда барои ҳал намудани ин масъала чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.

Гуфта мешавад,  Далер Назаров, дар ҳоле ин пешниҳодро кардааст, ки сарояндагони ҷавон ва рассомону дигар ҳунармандон тавонанд ҳунари худро дар ин мактаб сайқал диҳанд.

 Ҳамчунин Далер Назаров, дар идомаи суҳбат қайд намудааст, ки

– Мақсади омадани ман ба зодгоҳам Бадахшон ин аст, ки бештар бо дунёи овозхонони ҷавони вилоят, шароити кории онҳо шинос шавам. Овозхонони ҷавони вилоят маҳорати хуби овозхони доранд ва дар чорабиниҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз кишвар низ иштирок карда истодаанд. Ман боварии комил дорам, ки мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Бадахшон баҳри ба даст овардани манфиатҳои натиҷабахш дар соҳаи фарҳанги вилоят ба мо кӯмаки худро дареғ намедорад.

Зимни суҳбат ҳамчунин раиси ВМКБ қайд кард, ки Далер Назаров яке аз сарояндаи соҳибҳунар дар ҷодаи эстрадаи навин тоҷик мебошад, ки мусиқи фолклори тоҷикро дар сабти оҳангҳои эстрадии "поп-фолк" таълиф намуда месарояд. Ва боиси ифтихор аст, ки Далер Назаров дар тамоми давлатҳои Осиё ва Аврупо мардумро бо оҳанг ва эҷодиёти нависандагон ва шоирони тоҷик шинос менамояд.

Инчунин дар назар аст, ки Далер Назаров дар Бадахшон консерт ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ ва фароғатии худро баргузор намояд. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 июни соли 2026

ЧОРАБИНИИ РӮЗ Имрӯз, соати 14:00 дар толори хурди Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон ба муносибати 60-солагии нашри достони "Мавҷҳои Днепр"-и устод Муъмин Қаноат маҳфили илмиву адабӣ баргузор...

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.