Туҳфаҳои Эмомалӣ Раҳмон ба 100 нафар ятими кулли вилояти Суғд

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 100 нафар ятими кулл кумаки моддӣ расонда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир кард. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин навбат хонандагони синфҳои аз 6 то 11-и мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ашт ва Мастчоҳ аз туҳфаҳои […]

Имрӯз дар доираи сафари корӣ ба вилояти Суғд Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд ба 100 нафар ятими кулл кумаки моддӣ расонда, бо онҳо суҳбати гарму самимӣ доир кард.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, ин навбат хонандагони синфҳои аз 6 то 11-и мактаб-интернатҳои шаҳру ноҳияҳои Хуҷанд, Бӯстон, Ашт ва Мастчоҳ аз туҳфаҳои Эмомалӣ Раҳмон, ки аз кумакпулӣ, сару либос ва дастархони идона иборат буд, баҳравар шуданд.

Гуфта мешавад дар ин рӯз барои 100 кудаки ятим аз ҷониби Пешвои миллат дастархони пурнозу неъмат ороста шуда, барномаи махсуси фарҳангӣ мураттаб гардид, ки боиси болидаруҳии наврасон гашт.

Зикр мегардад, ки айни замон дар вилояти Суғд 15 муассисаи иҷтимоии интернатҳо, хонаи кудакон ва маъюбон амал мекунад, ки дар онҳо 470 нафар кӯдаки ятим ба ғамхории давлату ҳукумат фаро гирифта шудаанд. Аз шумораи умумии 470 ятим 245 каси онро духтарон ташкил медиҳанд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.