Авфи 65 зиндонӣ аз ҷониби президенти Ӯзбекистон

Date:

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар остонаи Рӯзи истиқлоли ин кишвар фармон "Дар бораи авфи гурӯҳе, ки аз кардаашон содиқона пушаймон шуда ва дар роҳи ислоҳшавӣ қарор доранд"-ро рӯзи 27 август имзо кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар асоси ин фармон, 65 зиндоние авф шуданд, ки дар маҳбасҳо адои ҷазо мекунанд.

Гуфта мешавад, аз ин шумор 17 тан комилан озод, 13 тани дигар шартан авф шудаанд. Ҷазо нисбати 20 маҳбуси дигар сабуктар шуда, 15 каси дигар аз ҷазо дар намуди ҳабс озод шудаанд.

Миёни авфшудагон 4 зан, як шаҳрванди аз 60-сола боло, як шаҳрванди хориҷӣ, 39 шаҳрванде, ки дар созмонҳои мамнуъ аъзо буданд, ҳастанд.

Қобили зикр аст, ки давоми 3 соли охир дар Ӯзбекистон ҳафт маротиба авф татбиқ ва 3952 маҳбус озод шудааст.

ОСТАВЬТЕ ОТВЕТ

Пожалуйста, введите ваш комментарий!
пожалуйста, введите ваше имя здесь

Share post:

spot_imgspot_img

Popular

More like this
Related

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон аз сӯйи раисҷумҳур ба истеъфо фиристода шуд

Камчибек Тошиев, раиси КДАМ-и Қирғизистон имрӯз, 10-уми феврал, аз...

Боздошти ду мансабдори пешини Ӯзбекистон. Онҳо кистанд ва ба чӣ муттаҳаманд?

Расонаҳои Ӯзбекистон аз боздошти ду мансабдори пешини ин кишвар...

Ҳабси Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо ламсу молиш “табобат” мекард

Иқбол Солиев, табибе аз Ӯзбекистон, ки гӯё беморонро бо...

Оби Осиёи Марказӣ барои соли 2026 чӣ гуна тақсим шуд?

Соли 2026 Тоҷикистон аз рӯдхонаҳои Амударё - 9 821...