Агентии зиддифасод: Ҷустуҷӯи Низомхон Ҷӯраев идома дорад

Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва директори пешини корхонаи кимиёи Исфара, иштирокчии асосии “парванаи исфарагиҳо”-и пурмоҷаро ва яке аз шоҳидони асосӣ дар парвандаи Зайд Саидов то имрӯз мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад. “Ӯ соли 2014 бедарак шуда, на адвокату на суд ва ҳатто пайвандонаш ҳам айни замон дар куҷо будани ӯро намедонанд, […]

Аваз Юлдошев, Asia-Plus

Низомхон Ҷӯраев, собиқ вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд ва директори пешини корхонаи кимиёи Исфара, иштирокчии асосии “парванаи исфарагиҳо”-и пурмоҷаро ва яке аз шоҳидони асосӣ дар парвандаи Зайд Саидов то имрӯз мавриди ҷустуҷӯ қарор дорад.

“Ӯ соли 2014 бедарак шуда, на адвокату на суд ва ҳатто пайвандонаш ҳам айни замон дар куҷо будани ӯро намедонанд, – хабар дод ба “Азия-Плюс” як манбаъ аз Агентии назорати давлати молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон. – Мо низ дар бораи дар куҷо пинҳон шудани Ҷӯраев маълумот надорем”.

Бино ба гуфтаи манбаъ, аввали соли 2018 парвандаи ҷиноятӣ нисбати Низомхон Ҷӯраев ба баррасии суд фиристода шуда буд.

Қисмати дигари парвандаи ҷиноятӣ нисбати ӯ дар робита ба бедарак шуданаш охири моҳи июни соли 2014 боздошта шудааст. Ғайр аз ин, парвандаи ҷиноятӣ нисбати чанде аз ҳаммаслакони ӯ мавриди тафтиш қарор дорад.

Дар ҳамин ҳол, дар сомонаи расмии Интерпол дар сатри (банди) маълумот дар бораи шахсоне, ки аз ҷониби Тоҷикистон ҷустуҷӯ мешаванд, ному насаби Низомхон Ҷӯраев зикр намешавад.

Қобили зикр аст, ки Низомхон Ҷӯраев тобистони соли 2014, замони таҳти назорати Агентии зиддифасоди Тоҷикистон қарор доштанаш ба таври мармуз бедарак шуд.

Ёдрас мекунем, ки Низомхон Ҷӯраев соли 2007 баъди нисбаташ оғоз гардидани якчанд парванда оид ба ҷиноятҳои иқтисодӣ пинҳон шуд. Моҳи августи соли 2010 ӯ дар шаҳри Маскав бо дархости Тоҷикистон дар бораи истирдод боздошт гардид, аммо ҳимоягарони ӯ ба Суди Аврупо муроҷиат карда, ин суд минбаъд ба Русия истирдоди Ҷӯраевро ба Тоҷикистон манъ намуд.

Моҳи марти соли 2012 ӯ аз тавқифгоҳи муваққатии вилояти Маскав озод шуда, аввали моҳи апрел дар Тоҷикистон пайдо шуд. То пайдо шудан дар Душанбе ӯ аз рӯи якчанд модда, аз ҷумла дуздии воситаҳои давлатӣ дар ҳаҷми ниҳоят зиёд ва ташкили гурӯҳи ҷиноятпеша айбдор карда мешуд.

Баъдтар роҳбари Агентии зиддифасоди Тоҷикистон Фаттоҳ Саидов изҳор кард, ки ба Ҷӯраев дар содир шудани ҷиноятҳои иқтисодӣ айбнома пешниҳод шудааст.

Санаи 7-уми апрели соли 2012 дар шабакаи телевизионии «Ҷаҳоннамо» суханронии Ҷӯраев ба намоиш гузошта шуд. Дар суханронии худ Ҷӯраев гуфт, ба хотири модари 79-солааш ихтиёрӣ ба ватан баргаштааст. Ӯ иброз дошт, ки дар ватан будан беҳтар аст. Бо шарти тарк накардани маҳалли сукунат, Агентии зиддифасод то анҷоми мурофиаи судӣ оид ба ин парванда ӯро озод карда буд.

Санаи 23-юми июни соли 2014 Суди олии Тоҷикистон таъинот содир намуд, ки мутобиқи он, Низомхон Ҷӯраев  мавриди ҷустуҷӯ  эълон шуд.

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.