Авфи 65 зиндонӣ аз ҷониби президенти Ӯзбекистон

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар остонаи Рӯзи истиқлоли ин кишвар фармон "Дар бораи авфи гурӯҳе, ки аз кардаашон содиқона пушаймон шуда ва дар роҳи ислоҳшавӣ қарор доранд"-ро рӯзи 27 август имзо кард. Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар асоси ин фармон, 65 зиндоние авф шуданд, ки дар маҳбасҳо адои ҷазо мекунанд. Гуфта мешавад, […]

Бахши хабарии Осиёи Марказӣ

Шавкат Мирзиёев, президенти Ӯзбекистон дар остонаи Рӯзи истиқлоли ин кишвар фармон "Дар бораи авфи гурӯҳе, ки аз кардаашон содиқона пушаймон шуда ва дар роҳи ислоҳшавӣ қарор доранд"-ро рӯзи 27 август имзо кард.

Бино ба иттилои Бахши хабарии Осиёи Марказӣ, бар асоси ин фармон, 65 зиндоние авф шуданд, ки дар маҳбасҳо адои ҷазо мекунанд.

Гуфта мешавад, аз ин шумор 17 тан комилан озод, 13 тани дигар шартан авф шудаанд. Ҷазо нисбати 20 маҳбуси дигар сабуктар шуда, 15 каси дигар аз ҷазо дар намуди ҳабс озод шудаанд.

Миёни авфшудагон 4 зан, як шаҳрванди аз 60-сола боло, як шаҳрванди хориҷӣ, 39 шаҳрванде, ки дар созмонҳои мамнуъ аъзо буданд, ҳастанд.

Қобили зикр аст, ки давоми 3 соли охир дар Ӯзбекистон ҳафт маротиба авф татбиқ ва 3952 маҳбус озод шудааст.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.