Оғози таҳияи заминаи иқтисодиву техникии боз як НБО дар дарёи Вахш

Таҳияи заминаи иқтисодиву техникии нерӯгоҳи навбатии барқи обӣ дар дарёи Вахш, ки 12,5 километр поинтар аз сарбанди нерӯгоҳи Роғун ҷойгир мешавад, метавонад аллакай соли равон оғоз гардад. Ба омодасозии заминаи иқтисодиву техникии нерӯгоҳи барқи обии Шӯроб бо иқтидори эҳтимолии 862 МВт Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) бо ҷалби ширкати машваратӣ машғул мешавад. Дар ин хусус дар […]

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Таҳияи заминаи иқтисодиву техникии нерӯгоҳи навбатии барқи обӣ дар дарёи Вахш, ки 12,5 километр поинтар аз сарбанди нерӯгоҳи Роғун ҷойгир мешавад, метавонад аллакай соли равон оғоз гардад.

Ба омодасозии заминаи иқтисодиву техникии нерӯгоҳи барқи обии Шӯроб бо иқтидори эҳтимолии 862 МВт Ширкати алюминии тоҷик (ТАЛКО) бо ҷалби ширкати машваратӣ машғул мешавад.

Дар ин хусус дар Нақшаи чорабиниҳо оид ба баланд бардоштани самаранокии фаъолияти истеҳсолии ТАЛКО дар давраи солҳои 2019-2024 сухан меравад.

Муҳлати омода кардани заминаи иқтисодиву техникии нерӯгоҳ давраи солҳои 2020-2024 зикр шудааст.

Таҳияи заминаи иқтисодиву фанниро ТАЛКО дар ҳамдастӣ бо Вазорати энергетика ва захираҳои об, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии ҷумҳурӣ ба иҷро мерасонад.

Дар Нақшаи чорабиниҳо қайд мешавад, ки сохтмони НБО Шӯроб барои таъмини ТАЛКО бо барқи худӣ ва дастрасии мунтазами он шароити мусоид фароҳам меорад.

Дар назар аст, ки НБО Шӯроб дар 110 километрии шарқи Душанбе сохта шавад. Барои бунёди ин нерӯгоҳ тақрибан 1 млрд. доллар маблағ зарур аст. НБО Шӯроб ҳаштумин силсилаи нерӯгоҳҳо дар дарёи Вахш хоҳад шуд, ки аз 9 нерӯгоҳи барқи обӣ иборат буда, 7-то он пурра сохта шудааст (Норак, Бойғозӣ, Сангтӯда-1, Сангтӯда-2, Сарбанд, Шаршара ва Марказӣ) ва сохтмони нерӯгоҳи Роғун идома дорад.

Иқтидори лоиҳавии нерӯгоҳи барқи обии “Шӯроб” 862,5 МВт – 1 ҳазор МВт, истеҳсоли солона – беш аз 3,2 млрд. кВт/соат нерӯи барқро ташкил хоҳад дод. Баландии эҳтимолии сарбанд 83 метр ва ҳаҷми ғунҷоиши обанбор – 77 млн. метри мукааб пешбинӣ шудааст.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 89

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 18 майи соли 2026

Аз даргузашти Мӯъмин Қаноату Раҳматилло Зоиров то Рӯзи ҷаҳонии осорхонаҳо.

Дар кӯдакистонҳо бояд кадом тадбирҳои бехатарӣ риоя шаванд?

Баъди нашри навори задани як кӯдак аз сӯи муррабие дар яке аз кӯдакистонҳои пойтахт, баҳси бехатарии тифлон дар муассисаҳои томактабӣ дубора доғ шуд.

Аз қатли Қобилҷон 5 моҳ гузашт. Модараш бори аввал дар бораи фарзандаш, рӯзи ҳодиса, рафти тафтишот ва зиндагии имрӯзааш суҳбат кард

“Азия-Плюс” ба суроғи Нилуфар Сафоева рафт ва бори аввал дар бораи фоҷеае, ки сари ӯву писараш омад, гуфтугӯ кард.

Чаро ҷаҳон ба захираҳои маъдании Тоҷикистон таваҷҷуҳ надорад?

Тоҷикистон воқеан дорои захираҳои назарраси фулузоти нодир аст, вале он тасдиқ нашудааст.

Интиқоли беш аз 250 ҳазор сомонӣ ба суратҳисоби қаллобон дар як моҳ

Созмони Байналмилалии Муҳоҷират аз афзоиши қаллобони маҷозӣ ҳушдор медиҳад.

Ҳавошиносон сокинони Тоҷикистонро аз боришоту обхезӣ ва гарду ғубор ҳушдор доданд

Оҷонсии ҳавошиносии Тоҷикистон сокинони кишварро аз боришот, омадани сел...

Дар бозорҳои Хатлон нархи семент гарон шудааст. Далели он чист?

Арзиши семент дар як ҳафтаи охир то 20 сомонӣ қимат шудааст.