Барқияи Рамазон Раҳимзода ба ҳамтои русиягии худ дар робита ба лату кӯби бераҳмонаи тоҷик

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар робита ба лату кӯби бераҳмона ва таҳқири як ҷавони тоҷик аз ҷониби шаҳрвандони Русия ба унвони вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Владимир Колоколтсев барқия ирсол намуд. Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар барқияи вазир қайд мешавад, ки ин ҷиноят аз ҷониби скинхедҳои Россия […]

Вазири корҳои дохилии Тоҷикистон генерал-полковники милитсия Рамазон Раҳимзода дар робита ба лату кӯби бераҳмона ва таҳқири як ҷавони тоҷик аз ҷониби шаҳрвандони Русия ба унвони вазири корҳои дохилии Русия генерали политсия Владимир Колоколтсев барқия ирсол намуд.

Бино ба иттилои маркази матбуоти ВКД Тоҷикистон, дар барқияи вазир қайд мешавад, ки ин ҷиноят аз ҷониби скинхедҳои Россия (гурӯҳи миллатгароёни рус) содир шудааст.

Гуфта мешавад, Рамазон Раҳимзода худи ҳамон рӯзи нашр шудани навори видео дар ин хусус ба ҳамтои русиягии худ барқия ирсол намуда, хоҳиш кард, ки ҷиҳати саривақт ошкор кардани ҷинояти мазкур, ба ҷавобгарӣ кашидани ҷинояткорон ва таҳти назорати қатъӣ гирифтани тафтиши ин ҷинояти мудҳиш мусоидат намояд.

Инчунин, сохторҳои дахлдори Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон, ки ба ҳалли масъалаҳои муҳоҷирати меҳнатӣ машғуланд, вазифадор карда шуданд, ки бо ҳамтоёни худ дар Федератсияи Россия дар алоқа бошанд ва барои ошкор кардани ин ҷиноят кӯмак расонанд.

Зимнан зикр мегардад, ки намояндаи Вазорати корҳои дохилии Россия дар Сафорати Федератсияи Россия дар Тоҷикистон дар бораи ин ҳодиса огоҳонида шуд.

Дар навори видео дида мешавад, ки як гурӯҳ ҷавонон мардеро бераҳмона лату кӯб ва бо корд ба ӯ зарбаҳо мезананд.

Дар навор шунида мешавад, ки ҳамлагарон мардро тоҷик номида, барои он лату кӯб мекунанд, ки дар хонааш наистода, ба Русия омадааст. Дар ҳамин ҳол, дар навор муайян кардани дар кадом минтақаи Русия содир шудани ин ҷиноят ғайриимкон аст.

Ҳамчунин маълум нест, ки пас аз ин ҳодиса бо ин марди латукӯбшуда минбаъд чӣ ҳодисае рух додааст.

Маводи мо бо суроғаҳои news.tj ё asiaplus.news тариқи браузери Opera (ба кор даровардани VPN лозим аст) қобили дарёфт аст. Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.